Ҳамватанон ва муштариёни муҳтарам! 24.06.2017

Ҳамватанон ва муштариёни муҳтарам!



Ҳамаи шуморо аз кулли кормандони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба муносибати 20-солагии Рузи Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Фитр самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки сулҳу ваҳдату ҳамдигарфахмӣ дар Тоҷикистони азиз ҷовидона пойдору устувор бошад.

Ваҳдати миллӣ барои мо неъмати бузургест, ки Худованд онро 20 сол муқаддам бо дастони қаҳрамони ин корнома, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сарзамини файзбахшу куҳанбунёд арзонӣ дошт. Имрӯз миллату Меҳани мо аз баракати ҳамон сулҳу сафое, ки барои расидан ба он ранҷу заҳматҳои зиёд ва хатару ҷонбозиҳои азиме пушти сар мондааст, ободу шукуфон аст. Бинобар ин, ҳар фарди бедордил бо дидаи ҳақшинос бояд ин неъмати бебаҳоро ҳифз намояд ва шукру сипоси онро ба ҷо орад.

Рӯзи Ваҳдати миллиро барои Шумо ва аҳли хонадони шарифатон бори дигар таҳният гуфта, таманно дорам, ки саратон сабзу тану ҷонатон ҳамеша солим бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40