Дар бораи бонк

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» мувофиқи қарори  муассисон аз 20 марти соли 1992 таъсис дода шудааст. Мувофиқи Қарори Шӯрои Олии ҶТ «Дар бораи таъсиси Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии ҶТ» аз 11 марти соли 1992, дар асоси филиали Бонки иқтисодии хориҷии ИҶШС, Бонки саҳомию тиҷоратии хориҷии ҶТ  «Таджиквнешэкономбанк» таъсис ёфта  буд. Бонки саҳомию тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии ҶТ мувофиқи қарори Девони Вазирони ҶТ аз 12 декабри соли 1993 бо номи Бонки Давлатии Саҳомии Тиҷоратии фаъолияти хориҷии ҶТ «Таджиквнешэкономбанк» тағйири ном карда шуд.Оинномаи Бонк бо номи нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №6 16 июни соли 1999 ба қайд гирифта шуд (дар таҳрири нав  4 апрели соли 2000 дар БМТ аз нав ба қайд гирифта шуд), алҳол оинномаи  бонк бо таҳрири нав иваз гардидааст. Имрӯз, ҳайсияти муомилотии  бенуқсони Бонк, боэътимодӣ, таҷрибаи бисёрсолаи корӣ ва иҷрои бе маломати вазифаҳои ба  дӯшгирифта, барои Бонк симои муассисаи устувори молиявӣ ва ҳамкори боэътимодро  таъмин намуданд. Сиёсати Бонк ба дастгирии  босуръати инкишофи хизматрасониҳои бонкӣ, афзун намудани сармояи бонк, ба ҳадди ақал расонидани  хавфҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён ва ба роҳ мондани робитаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ равона шудааст. «Тоҷиксодиротбонк» дар бахшҳои асосии бозори молиявӣ, бо ташаккули заминаи муштариёни  ба тариқи устувор афзоянда   ва  боварӣ ба Бонк, мавқеи пешсафиро соҳиб аст.   Ба саҳми ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»   тақрибан 20 фоизи сармояи 12  бонки Тоҷикистон  рост меояд. Болоравии устувори нишондодҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мустақиман ба дарки тақозои муштарӣ  ба намудҳои  хизматрасонии сифатнок ва нав, ки ба рушди мусоиди  тиҷорати он кӯмак мекунад, вобаста мебошад.

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021 №89 иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бозхонд карда шуд. Бо Ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 июни соли 2021 аризаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи муфлис эълон кардани ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" қонеъ карда шуда, нисбат ба он мурофиаи муфлисшавӣ оғоз гардид. Нуритдинов Фаррух Мирзомудинович мудири махсуси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" таъин карда шуда то 24 октябри соли 2022 дар ин вазифа фаъолият намуд. Бо Ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №9/1336 аз 24.10.2022 Нуритдинов Ф.М. аз вазифаи мудири махсуси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” озод карда шуда, ба ин вазифа Қудратзода Амрулло Қудрат таъин гардид.

Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40