Хизматрасонии сейфӣ

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» хизматҳоро ҷиҳати  нигоҳдории воситаҳои пулӣ ва гаронбаҳо, қоғазҳои қиматнок ва дигар амвол  дар ячейкаҳои сейфии фардӣ пешниҳод менамояд.

Чизҳои қиматноки худро ба  Бонк супорида, метавонед дар бораи  таъмини амнияти он  фикр накунед, зеро Бонк бо васоити замонавии ҳифзкунӣ таъмин буда, хазинаи он дорои  дараҷаи баланди ҳифозатист.

Сейфҳо ва қуттиҳои (ячейкаҳои)  сейфӣ дорои рақами мушаххас буда, бо қуфли махсуси дорои  ду калиди гуногун  муҷаҳҳаз гардидаанд. Як калид ба муштарӣ дода шуда, калиди дигар дар Бонк нигоҳ дошта мешавад. Кушодану  қуфл кардани сейф танҳо дар якҷоягӣ бо корманди Бонк ва  Муштарӣ ба амал оварда мешавад. Қуттиҳои сейфӣ дар махзани махсус   насб гардидаанд, ки    даромадан ба он ҷо  қатъиян маҳдуд карда шудааст.

Бо Бонк  шартномаи иҷора баста  соҳиби сейфи шахсӣ шудан мумкин аст:
  • ҳуқуқи истифодаи сейфи фардӣ дар асоси Шартнома пешниҳод карда мешавад
  • шартномаи иҷораи сейфи шахсӣ  дар 2 нусха ҳангоми мавҷудияти қайди ҷойи зист ба расмият дароварда мешавад.
  • барои ба расмият даровардани   иҷораи сейфи шахсӣ шуморо лозим аст шартнома  баста, ҳаққи иҷораро, ки аз мӯҳлати иҷора вобаста аст, пардохт намоед.
  • дар ҳудуди мӯҳлати иҷора Муштарӣ ҳуқуқ дорад дар давоми вақти кории Бонк ба махзан омада, аз сейф чизи ба ҳифозат гузоштаашро гирад ё ба он чизҳои дигарро бе пардохти иловагӣ  гузорад
  • муштарӣ дар асоси шартномаи ба таври нотариалӣ ба расмият даровардашуда, метавонад, ҳуқуқи аз сейф истифодабурданро ба шахси дигар диҳад ва ё васият кунад.
  • Бонк барои   яклухтии  сейф  масъул буда,  ҳифозати сейф ва чизҳои қиматноки дар дохили он нигоҳдошташавандаро кафолат медиҳад ва махфияти нигоҳдории онро таъмин менамояд;
  • муштариён огоҳ сохта мешаванд, ки бо тариқи истисно нигоҳдории чизҳои оташангез, тарканда, радиоактивӣ, заҳролуд, маводи нашъадор, яроқ (дар сурати надоштани рухсатнома барои  нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он), инчунин маводи дигаре, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон  нигоҳ доштани онҳо манъ карда шудааст, ба ҳифозат қабул карда намешаванд.
Бонк ҳифозати мутлақи чизҳои қиматноки шумо ва дастрас намудани онҳоро дар давоми вақти амалиётии Бонк, инчунин махфияти чизҳои дар сейф нигоҳдошташаванда ва соҳиби онро кафолат медиҳад.

Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40