Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон 03.04.2017

Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон



Қайд кардан бамаврид аст, ки бо иқдоми ташкилоти Child and Youth Finance International ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмиллалии Global Money Week дар тамоми дунё дар моҳи март ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»   имсол низ  дар чорабинии ҳамасолаи байналмиллалии “Global Money Week”, ё худ ҳафтаи байналмиллалии молия  барои кӯдакон ва ҷавонон саҳми худро гузошт ва чорабиниҳои дахлдорро ташкил намуд. Дар  давраи аз 27 март то 02 апрели соли равон мутахассисони Тоҷиксодиротбонк дар литсейи “Раҳнамо”   ва литсейи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғулиятҳои аёнии маърифатӣ оид ба пули миллӣ, амонатгузорӣ ва истифодаи кортҳои пардохтӣ барпо намуданд.

Дар  ҳар ду литсей дар мавзӯи сарфакорона истифодабарии пул  ва ҳамкорӣ бо бонк, озмунҳои расмкашӣ  гузаронида шуданд. Расмҳои кашидаи наврасон хеле ҷолиб ва пурмазмун буд ва  ба 30 нафар ғолибон  туҳфаҳои рамзии бонкӣ тақдим гардид.

Дар чорабинии мазкур  беш аз 300 нафар наврасон  иштирок намуданд ва баландбардории маърифатнокиии молиявӣ барои толибилмони имрӯза, ки соҳибкорони ояндаанд, хеле муфид буд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40