Тоҷиксодиротбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мавқеи устувор дорад 01.02.2016

Тоҷиксодиротбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мавқеи устувор дорад



Дар ин бора Тоҷиддин Пирзода дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт.

“Ховар”:-Муҳтарам Тоҷидин Пирзода, нахуст мехостам андешаҳои Шуморо дар робита ба Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бипурсам. Паёми имсола чи вижагиҳо дошт?

Т. Пирзода:-Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронии хеш изҳор доштанд, пешниҳоди Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, шиддати бесобиқа гирифтани бархӯрди абарқудратҳо барои тақсимоти нави ҷаҳон ва шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам рост омад. Бинобар ин, Президенти мамлакат бо назардошти ҳамаи омилҳои зикргардида дар Паёми имсолаи хеш, зимни таҳлили амиқ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлати моро муайян намуданд ва тавре ҳамаи мо шоҳид будем, билофосила пас аз ироаи Паём, он аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва фаъолони фарҳангиву сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди истиқбол ва пуштибонии густарда қарор гирифт.

Дар ин робита рӯзи 23 январ дар толори маҷлисгоҳи Тоҷиксодиротбонк низ ҷамъомади васеъ доир гардид, ки роҳбарият ва кормандони бонк зимни таҳлили ҷанбаҳои гуногуни Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболи самимӣ ва ҳамраъйии амиқи худро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат изҳор намуданд.

Нуктае, ки ман мехоҳам рӯи он махсусан таъкид намоям, марбут ба он бандҳои Паём аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи молиявӣ ва низоми бонкии кишвар баён намуданд.

Президенти мамлакат мавқеи низоми бонкиро дар самти пешниҳоди қарз ба бахши истеҳсолӣ, афзоиши шумораи муштариён, тавсеаи шабакаҳои қарздиҳии хурд, ҷалби сармоя ва амонатҳои шаҳрвандон мусбат арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки сиёсати пуливу қарзии давлат бояд бо роҳи беҳтар намудани шароити маблағгузории молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ ба ҳавасмандсозии бахши воқеии иқтисодиёт барои ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ нигаронида шавад. Инчунин, дастур дода шуд, ки ба хотири таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, фаъолияти самарабахш ва бехатари низоми пардохтҳо чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд. Ба Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самараноку устувори низоми бонкӣ, ҷалби сармоя барои дастгирии бонкҳо ва қарздиҳӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзии бонкҳо ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, таҳкими инфрасохтори низоми пардохт бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фаъол гардонидани бозори коғазҳои қиматнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ба андешаи ман, роҳнамоиҳое, ки Сарвари давлат дар робита ба дастгирии рушди низоми бонкии кишвар дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳон пешниҳод намуданд, дар уствории молиявии кишвар ва рушду тавсеаи низоми бонкии мамлакат нақши бисёр бузург хоҳад дошт.

“Ховар”-Дар арафаи соли нави мелодӣ дар атрофи Тоҷиксодиротбонк овозаҳо ва сарусадоҳое паҳн шуд, ки гӯё бонк дар ҳоли муфлисшавӣ асту қобилияти пардохтпазирӣ надорад ва овозаҳои дигареро ҳам ба ҳамин монанд шунидем. Аммо тавре мебинем, Бонк фаъолияти худро ҳамчунон бомаром идома медиҳад. Чаро чунин овозаҳо пайдо мешаванд?

Т. Пирзода:-Ин “чаро”-ро бояд аз худи ҳамонҳое пурсид, ки чунин суханони дурӯғ ва дур аз воқеиятро паҳн мекунанд. Аммо ба ҳар сурат, бояд бигӯям, ки “умри дурӯғ кӯтоҳ аст” ва чандон дер намепояд.

Танҳо баёни чанд далели мухтасар кофист, то бидонем, ки Тоҷиксодиротбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мавқеи намоён ва устуворро ишғол менамояд ва ҳиссаи бонк аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии фаъолият аз 21 то 27 фоизро ташкил медиҳад.

Айни ҳол Тоҷиксодиротбонк дар маҷмӯъ бо назардошти филиалҳои бонки фаръӣ – “Бонки рушди Тоҷикистон”, дорои 95 филиал мебошад ва ин филиалҳо, новобаста аз минтақаи ҷойгиршавӣ дар биноҳои навбунёду замонавӣ ва дорои тамоми шароитҳои мусоид барои кормандону мизоҷон фаъолият мекунанд. Таъсис ва бунёди филиалҳои нав дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати ба мардуми кишвар, махсусан ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон наздик ва дастрас кардани хизматрасониҳои бонкӣ амалӣ карда мешавад, ки он дар баробари васеъ намудани доираи фарогирии мардум бо хизматрасониҳои бонкӣ, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Агар дар соли 2006 дар бонк ҳамагӣ 315 нафар корманд фаъолият дошт, имрӯз теъдоди онҳо ба 3327 нафар расида, беш аз даҳ маротиба зиёд гаштааст.

Тоҷиксодиротбонк баҳри иҷрои бенуқсони хизматрасонии бонкӣ ба муштариёни худ бо институтҳои молиявии дохилӣ ва хориҷӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Ҳоло мо бо зиёда аз 30 бонк аз 12 кишвари ҷаҳон, ки дар онҳо ҳисобҳои муросилотӣ дорем, ҳамкориҳои бонкиро идома медиҳем.

Ҳамчунин аз тарафи бонк маблағҳои муваққатан озоди шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷалб гардида, асосан барои маблағгузории қарзии бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ равона шудаанд. Вале мутассифона, як қатор корхонаҳо зери таъсири буҳрони молиявӣ қарор гирифта, уҳдадориҳои худро дар назди бонк саривақт ва пурра иҷро карда наметавонанд, аммо бо вуҷуди ин мо ба пеш ҳаракат карда истодаем.

Ба андешаи ман чунин овозапароканиҳо асосан ду омил дорад. Омили аввал, ин буҳрони молиявии ҷаҳонӣ аст, ки ба тамоми бахшҳои иқтисодиёт таъсири назаррас расонид. Дар натиҷа, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ башиддат поин рафтанд. Аз ҷониби дигар, вазъи ноустувори молиявӣ дар Федератсияи Русия боиси кам гардидани даромади муҳоҷирони меҳнатӣ гардид, ки таъсири он дар аксари хонаводаҳои кишвар эҳсос мегардад. Қобилияти харидории мардум паст, гардиши тиҷорат суст ва дар натиҷа, бозгашти маблағҳои қарзии муштариён ба бонк коҳиш ёфт. Дар ҳоле, ки ҷалби пасандозҳои аҳолӣ якбора кам гардид, инчунин, пеш аз муҳлат бозхонди амонатҳо аз тарафи муштариён афзуд. Бинобар ин, таъмини саривақтиву пурраи уҳдадориҳо барои бонк дар баъзе ҳолатҳо мушкил гашт.

Омили дигар, ашхос ва доираҳои махсусет, ки чунин овозаҳоро ҳадафмандона сохтаву паҳн мекунанд. Яъне доираҳои манфиатдоре вуҷуд доранд, ки бо мақсади халал ворид намудан ба рушди иқтисодии кишвар ва ба таҳлукаву нобоварӣ андохтани ҳамватанони мо даст ба паҳн кардани ҳар гуна овозаҳо мезананд. Воқеан, ин нукта дар машварати кории Сарвари давлат бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои бахши иқтисоду молияи кишвар низ, ки 22 январи соли равон доир гардид, таъкид шуд.

“Ховар”— Шумо, ки дар ин машварати корӣ иштирок доштед, доир ба роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ кадом тадбирҳо андешида шуд?

Т. Пирзода:-Дар ин машварати корӣ дар ҳузури Президенти кишвар, пеш аз ҳама зикр гардид, ки коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад. Ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна қаллобию ҳаннотӣ аз ҷониби ин доираҳо таъкид гардид, ки мубодилаи асъор бояд танҳо дар сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад. Ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ мондани тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои соҳа, новобаста аз шакли моликияташон аз масъалаҳои муҳиме буд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи он таъкид доштанд. Он кас ҳамчунин таъкид намуданд, ки “ бояд мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад ва қурб бояд якто бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад”. Бинобар ин, тибқи супориши Сарвари давлат барои аз миён бурдани монеаҳои сунъии доираҳои манфиатдор нуқтаҳои бонкии мубодилаи расмии асъор зиёд карда мешавад ва минбаъд тамоми амалиёти хариду фурӯш дар қаламрави ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

“Ховар”-Назари Президенти мамлакат ба фаъолияти бонки Шумо чӣ гуна буд?

Т. Пирзода:-Бо вуҷуди камбудиву норасоиҳое, ки дар пайи таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ соли гузашта дар фаъолияти мо ҷой доштанд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Тоҷиксодиротбонк изҳори ризоият намуданд. Он кас дар назди ҳозирин гуфтанд, ки дастовардҳои бонк тайи солҳои охир дар самти тавсеаи шабакаи филиалҳои бонк ва ба ин восита ташкил намудани ҷойҳои нави кор барои ҳамватанон хеле назаррас аст. Сарвари давлат ҳамчунин аз шароити хуби корӣ дар филиалҳои Тоҷиксодиротбонк ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар ифтитоҳи расмии аксари биноҳои филиалҳои бонк дар саросари ҷумҳурӣ шахсан иштирок намуда, дидаанд, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон дар ҳамаи филиалҳои минтақавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат ҳамчунин аз ибтикороти Тоҷиксодиротбонк дар маблағгузории сохтмони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ, ҳамчунин маблағгузории сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ин қадршиносии Сарвари давлат барои мо аз ҳар ҷоизаи олие болотар аст. Илова бар ин, муҳтарам Президент ба роҳбарони Бонки миллӣ ва Вазорати молияи кишвар дастур доданд, ки дар даврони буҳрони молиявии ҷаҳонӣ Тоҷиксодиротбонкро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд. Ва умуман, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин машварати корӣ супориши қатъӣ доданд, ки ҳамаи бонкҳои кишвар, новобаста аз шакли моликияташон аз ҷониби давлат дастгирӣ ва барои фаъолияти муътадили онҳо ҳаматарафа мусоидат карда шавад. Ин эътимоду боварии Роҳбари давлат моро вазифадор менамояд, ки беш аз ҳар вақти дигар беҳтару хубтар кор кунем ва ҳамаи қобилият ва кӯшиши худро ба он равона созем, ки таъсири шиддати буҳрони молиявии ҷаҳониро ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон то ҳадди имкон коҳиш диҳем.

“Ховар”-Муҳтарам Тоҷидин Пирзода, тавре мо иттилоъ дорем, бо маблағгузории қарзии Тоҷиксодиротбонк сохтмони маркази савдои калонтарин дар ҷумҳурӣ “Душанбе мол”, ки таҳти рамзи ширкати бонуфузи ҷаҳонии “Ашан” фаъолият менамояд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Мехостам роҷеъ ба ин ва лоиҳаҳои дигаре, ки бунёдсозиашон идома дорад, тавзеҳоти бештар диҳед.

Т. Пирзода:— Бале, Тоҷиксодиротбонк ҳамеша саҳми худро дар рушду ободонии кишвари азизамон мегузорад. Бо даъват ва пешниҳоди Тоҷиксодиротбонк ба ширкати бонуфузи фаронсавии “Шивер”, ки аз соли 1992 саҳмиядори гурӯҳи “Auchan” мебошад, моҳи июни соли 2014 ҶСП «Шивер Тоҷикистон» таъсис ёфт. Мақсади асосии ширкати «Шивер Тоҷикистон» ба роҳ мондани савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум бо нархи дастрас дар мамлакат тавассути ташкили усулҳои нави савдо дар маркази калонтарини тиҷоратӣ, яъне гипермаркет мебошад.

Гипермаркети аввалин дар маркази пойтахт, дар шафати бинои асосии Тоҷиксодиротбонк дари худро барои мизоҷон дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз соли равон боз хоҳад кард, ки он ҷо барои 300 нафар ҷойи нави кор ташкил карда мешавад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик бо кушодани гипермаркетҳои шабакаи Ашан дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппа, аз тарафи ин гурӯҳ беш аз 1000 ҷойи нави кор ташкил карда шавад.

“Ховар”-Муҳтарам Тоҷидин Пирзода, тавре медонем, Тоҷиксодиротбонк узви комилҳуқуқи низомҳои пардохтии Visa International, MasterCard, Worldwide, Union Pay International ва Корти миллӣ мебошад. Имрӯз дар ҷаҳони муосир кортҳо бештар барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ истифода мешаванд, вале дар кишвари мо асосан барои нақдкунии маблағҳо. Ин аст, ки норасоии пули нақд дар банкоматҳо ба мушоҳида мерасад. Тоҷиксодиротбонк ҷиҳати истифодаи мақсадноки кортҳои пардохтӣ чи кӯшишу иқдомҳое анҷом медиҳад?

Т. Пирзода:-Бале, пеш аз он ки ба ин суол посух диҳам, мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба чанд рақами оморӣ ҷалб намоям: аз теъдоди умумии кортҳои байналмиллалии фаъоли дар ҷумҳурии мо интишоршуда 71,9 дарсади он ба Тоҷиксодиротбонк рост меояд. Хамчунин аз шумораи умумии таҷҳизоти терминалии истифодашаванда 63,7 дарсади таҷҳизот ба бонки мо тааллуқ дорад. Яъне мо вазифадорем, ки беш аз дигарон дар фикри истифодаи мақсадноки кортҳои пардохтӣ ва тарвиҷи пардохтҳои ғайринақдӣ бошем. Ба ғайр аз ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” ҳамаи муассисаҳои қарзиро вазифадор менамояд, ки дар ин самт иқдомҳои амалӣ анҷом диҳанд.

Имрӯз мо инфрасохтори бонкиро ба пешниҳоди хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ карда истодаем. Бонк айни замон 500 адад таҷҳизоти терминалиро харидорӣ намудааст ва мо омодаем бо дархости муштариён ин таҷҳизоти нави замонавиро барои амалӣ намудани пардохти ғайринақдӣ дар марказҳои савдою хизматрасонӣ насб намоем.

Яке аз иқдомоти дигари бисёр муҳими Тоҷиксодиротбонк дар ин самт бунёд намудани протсессинги худӣ дар дохили Тоҷикистон мебошад. Протсессинги номбурда дар натиҷаи таҳлилҳои зиёди таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд шуда истодааст ва дар нимаи дуюми моҳи феврал фаъол хоҳад шуд, ки барои муштариён шакл ва намудҳои хизматрасонии хеле васеъро пешниҳод менамояд. Ба ин тариқ, бонк барои муштариёни худ 24 соат дар шабонарӯз дастрас шуда, онҳо имконият пайдо мекунанд, ки дар дилхоҳ вақт ва рӯзи ҳафта аз тариқи интернет, ё телефони мобилии худ анвои зиёди хизматрасониҳои бонкиро анҷом диҳанд.

“Ховар”-Шумо аз табдили бонки фаръӣ – Бонки рушди Тоҷикистон, аз бонкдории маъмулӣ ба бонкдории исломӣ хабар дода будед. Ин шакли бонкдорӣ кай рӯйи кор меояд?

Т. Пирзода:— Кор дар ин самт бомаром идома дорад. Тавре медонем, дар кишвари мо қонун “Дар бораи бонкдории исломӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ таҳия ва ба парлумони кишвар пешниҳод шуда буд, 14 майи соли 2014 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва заминаи қонунӣ барои роҳандозии ин шакли бонкдорӣ дар ҷумҳурии мо фароҳам шуд.

21 майи соли 2015 миёни ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” ва Иттиҳоди исломӣ оид ба рушди соҳаи хусусӣ (ICD) барои мусоидат ба роҳандозии бонкдории исломӣ дар Бонки рушди Тоҷикисон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин созишнома ICD 7 тими мушовирони худро ба Бонки рушди Тоҷикистон сафарбар намуд. Онҳо дар бахшҳои идоракунии барномаи гузариш, мутобиқат бо шариати исломӣ, хазинадорӣ, муҳосиба, кадрҳо, фанновариҳои иттилоотӣ, бозорёбӣ ва чаҳорчӯби қонунгузорӣ бо мо кор мекунанд. Ҳоло гурӯҳи корӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба таҳия ва омодасозии санадҳои меъёрӣ машғули кор аст. Бо поён ёфтани марҳалаи омодагӣ мо ният дорем, ки дар нимаи дуввуми соли равон бонкдории исломиро дар Бонки рушди Тоҷикистон роҳандозӣ намоем ва аввалин маҳсулоти худро бо ин шакли бонкдорӣ ба муштариён пешниҳод кунем.

“Ховар”-Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки доманаи бӯҳрони молиявӣ васеътар мегардад, Тоҷиксодиротбонк дар бахши ҷалби сармоя аз хориҷи кишвар чӣ иқдомот анҷом додааст?

Т. Пирзода:-Бо мақсади бартараф намудани омилҳои буҳронӣ роҳбарияти бонк тайи моҳҳои охир ҷиҳати ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ бо ширкатҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ гуфтушунидҳо доир намуда, меморандумҳо ба имзо расонд ва умед аст, ки маблағҳои мазкур дар ояндаи наздик ба бонк ворид хоҳанд шуд. Ба хотири ободӣ, ба хотири фардои шукуфони кишвар мо дар ҳар шароит кор мекунем, хоҳ ин шароит одӣ бошад, хоҳ ғайриодӣ. Шиори Тоҷиксодиротбонк низ ҳамин аст: “Ояндаро имрӯз бояд сохт!”

“Ховар”: Ташаккур, барои суҳбати пурмуҳтаво!

Т. Пирзода:-Саломат бошед, ба АМИТ “Ховар” дар фаъолияти иттилоотӣ комёбиҳо таманно дорем!

http://khovar.tj/2016/01/to-idin-pirzoda-to-iksodirotbonk-dar-nizomi-bonkii-um-ur-mav-ei-ustuvor-dor...

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40