Маҷлиси умумии саҳҳомони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк". 15.03.2015

Маҷлиси умумии саҳҳомони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк".



15 марти соли равон дар бинои сарбонк Маҷлиси умумии саҳҳомони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" доир гардид. Дар ҷаласа Раиси бонк Тоҷидин Пирзода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдукарим Неъматов, Раиси Шӯрои нозирони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Забҳулло Нуруллоев, аъзои Шӯрои нозирони бонк, саҳҳомон ва роҳбарони филиалҳо ва сохторҳои бонк иштирок намуданд.  Ба рӯзномаи маҷлис 10 масъала барои баррасӣ ворид карда шуд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома-«Оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар соли 2014» ҳисоботи раиси бонк Тоҷидин Пирзода шунида шуд. Дар ҳисоботи Раиси бонк закр гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” сарфи назар аз таъсири омилҳои буҳронӣ, вазифаҳои стратегии соли 2014-ро иҷро намудааст.

Маҷлиси умумии саҳҳомони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҳисоботи Раиси бонкро тасдиқ карда, фаъолияти бонкро дар соли 2014 қаноатбахш донист. Дар робита ба ин масъала маҷлис қарор қабул гардида, вазифаҳои бонк барои соли 2015 муайян кард карда шуд. Аз ҷумла пешбинӣ гардид, ки дар соли 2015 бонк таъсисдиҳии филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии навро тибқи нақша идома диҳад ва дар ин замина ташкили 200 ҷойи нави кориро таъмин намояд. Бонк доираи маблағгузории қарзиро бо назардошти афзалият додан ба пешниҳоди қарзҳои хурд васеъ намуда, ҳиссаи қарзҳои хурду миёнаро дар сандуқи қарзӣ ба сатҳи 50% расонад. Ҳар як филиали бонк барои бозгашти қарзҳои мушкилситон ва фоизҳои ҳисобшуда корҳои амалии ҳамарӯзаро пеш барад ва сифати сандуқи қарзиро дар доираи меъёрӣ нигоҳ дорад. Ҷиҳати кам кардани гардиши пули нақд дар кишвар, амалиётҳои ғайринақдӣ дар бонк вусъат дода шуда, ба ривоҷ додани амалиёт тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад ва дорандагони кортҳои пардохтии бонк ба беш аз 300 ҳазор нафар расонида шавад. Бо мақсади мусоидат намудан ба тақвияти қурби асъори миллӣ, тамоми филиалу сохторҳои бонк барои ҷорӣ намудани маҳсулотҳои нави бонкӣ бо асъори миллӣ, таклифҳо пешниҳод намоянд ва мақоми иҷроияи бонк ҷиҳати амалӣ намудани онҳо чораҷӯӣ намояд.

Дар  маҷлис ҳамчунин ҳисоботи аудити хориҷӣ доир ба натиҷаи соли 2014  шунида шуд. Зикр гардид, ки тибқи санҷиши анҷомёфта фаъолияти Тоҷиксодиротбонк дар соли 2014 бо риояи меъёрҳои байналмилалии бонкдорӣ сурат гирифта, дар фаъолияти он камбудиву нуқсонҳои ҷиддӣ ошкор нагардидааст. Ҳисоботи аудити хориҷӣ доир ба натиҷаи соли 2014 аз тарафи маҷлис тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин ҳисоботи кумитаи аудити дохилии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” доир ба натиҷаи соли 2014” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки дар давоми соли ҳисоботӣ аз тарафи кумита диққати ҷиддӣ  ба  масъалаҳои таҳлил ва беҳтар намудани назорати дохилии бонк ва назорати фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ равона карда шудааст.

Дар давраи аз 1 январи соли 2014 то 31 декабри соли 2014 мувофиқи нақшаи кории тасдиқшуда кумитаи аудити дохилӣ 46 санҷиш, аз он ҷумла, 35 санҷиши филиалҳо, 2 санҷиш дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ва 9 санҷиш дар сохторҳои Сарбонки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» гузарондааст. Маводҳои тафтишотӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи кумитаи аудит қарор гирифта, аз натиҷааш ба Шӯрои нозирон ва роҳбарияти бонк таклифу тавсияҳои  мушаххас  пешниҳод гардидааст.

Дар давоми соли ҳисоботии 2014 роҳбарияти бонк дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом  расонида, шумораи умумии кормандони кумитаи аудити дохилии бонкро аз 7 ба 13 нафар расонид, ки дар оянда барои таъмини низоми дуруст ва самараноки назорати дохилӣ ва паст намудани хавфҳо дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бештар мусоидат хоҳад кард. Ҳисоботи кумитаи аудит аз ҷониби маҷлис тасдиқ гардид.

Маҷлис ҳамчунин тавозун ва ҳисоботи фоидаву зарари бонкро дар соли 2014 тасдиқ ва нисбат ба тақсими фоидаи бонк дар соли сипаригардида қарор қабул намуд. Аз фоидаи бадастовардаи бонк 80% барои пардохти суди саҳмия ба саҳҳомон ва 20% ба захира барои рушди минбаъдаи бонк муқаррар карда шуд.

Дар ҷараёни Маҷлиси умумии саҳҳомон ҳисобот оид ба ҷамъбасти ҷойгиркунии саҳмияҳои барориши 15-уми бонк тасдиқ карда шуд ва ҳамзамон барориши навбатии саҳмияҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо  қарори маҷлис  дар ҳаҷми 70 000 000 (ҳафтод миллион) сомонӣ муайян карда шуд.

Дар анҷоми маҷлис  ба Оинномаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, Низомномаи Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар таҳрири нав тасдиқ гардид.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40