Мусобиқаи тениси руйи миз 24.02.2015

Мусобиқаи тениси руйи миз



        23 феврали соли 2015 дар толори хурди бинои асосии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мусобиқаи варзиши тениси руйи миз доир гардид.
        Ин мусобиқа, ки бо ташаббуси роҳбарияти бонк, бахшида ба Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, асосан байни ҷавонон ва бонувони бонк, ки дар ин намуди варзиш таҷрибаву малакаи бой доранд, бо ҳавасмандиву ҷолибияти ба худ хос сурат гирифт. Дар мусобиқа  кормандон аз Сарбонк, ҶСП «Бонки Рушди Тоҷикистон» ва филиалҳои бонк дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
        Тавре масъулин тасдиқ намуданд, то оғози мусобиқаи мазкур, ки рӯзи баргузории он қаблан дар байни кормандони бонк эълон гашта буд, расман дархости иштироки 50 нафар корманди ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба қайд гирифтаанд.
        Бино ба иттилои Ҳумайро Саидова – узви кумитаи тадорукоти чорабиниҳои варзишӣ,  ҳадафи роҳбарияти ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз ташкил ва доир намудани мусобиқа, ин пеш аз ҳама тарғиби ин намуди шавқовари варзиш дар байни кормандони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мебошад, ки он ҳамзамон, тавре зикр шуд, “ба таҳкими равобити дӯстӣ, тарзи ҳаёти солим ва инчунин чобукӣ ва малакаи касбии кормандон низ мусоидат менамояд”.
        Ҷараёни баргузории мусобиқаро cардовар - устоди дараҷаи якум, Қодиров Зайдулло ва саркотиб - мураббии дараҷаи 1, Бердиев Абдусаттор баҳогузорӣ карданд. Мусобиқа аз руйи қоидаҳои бозии тениси руйи миз сурат гирифт ва ғолибон бар асоси натиҷаи тасдиқшуда муайян гардиданд.
        Чунончи,  байни бонувон ҷойи аввалро Виктория Малеева - корманди Хадамоти маркетинги  ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ҷойи дуввумро Зарина Маҳмудова - иқтисодчии пешбари шуъбаи  буҷетикунонӣ ва банақшагирии  ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҷойи саввумро Анора Самадова - корманди шуъбаи қарздиҳии  ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" соҳиб шуданд.
        Дар байни мардҳо, ҷойи якум ба Фаридун Мирзошоев - иқтисодчии калони шуъбаи колсентри  ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ҷойи дуввум ба Фарорун Назриев – мутахассиси дараҷаи якуми идораи технологияи иттилоотии  ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва ҷойи саввум ба Собир Фахридинов - сардори шуъбаи қарздиҳӣ ва маблағгузории тиҷоратии Бэк-офиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" насиб гардид.
        Қобили зикр аст, ки ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ бо туҳфаҳои моддиву молиявӣ ва ифтихорномаҳо сарфарозу қадрдонӣ шуданд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40