Interexpress

INTEREXPRESS - шабакаи байналмиллалии  интиқоли таъҷилии маблағи шахсони ҳуқуқӣ бе кушодани суратҳисоб бо рубли русӣ ва доллари ИМА  

INTEREXPRESS- интиқоли маблағро ба мамлакатҳои ИДМ: Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Украина, инчунин мамлакатҳои хориҷаи дур Ветнам ва Хитой  амалӣ менамояд.  
Шабакаи интиқоли маблағи  «INTEREXPRESS» барои амалӣ намудани интиқоли маблағи шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчун резидент ва ғайрирезидент дар ҳудуди ИДМ созмон дода шудааст. Интиқоли маблағ метавонад, бо ҳама гуна асъор (барои ҶТ – доллари ИМА ва рубли русӣ)  дар ҳаҷме, ки  дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бошад

Шабакаи интиқоли маблағи  «INTEREXPRESS»  имконият медиҳад, интиқоли маблағ дар ҳолати айнӣ (в режиме реального времени) гузаронида шавад. Интиқол бо муздии минималии ҳаққи хизмат аз ҳисоби кам кардани  хароҷот барои дастгирии шабака ба амал бароварда мешавад.

Музд (ҳаққи хизмат): 
барои мамлакатҳои хориҷи наздик - аз 1,5 %. 
барои мамлакатҳои хориҷи дур - аз 3 %. 
Шабакаи интиқоли маблағи «INTEREXPRESS» барои ба тариқи айн («он-лайн»)  ба воситаи шабаки Интернет бо истифода аз кӯтоҳтарин муҳлат – на бештар аз 10 даққиқа интиқол додани   маблағҳо мусоидат менамояд.

Тарофаҳои шабакаи “INTEREXPRESS” 
Сиёсати тарофавии  шабакаи “INTEREXPRESS” барои ҳамаи табақаи аҳолӣ дастрас буда, махсусан дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ машҳур аст.
  • Ҳангоми амалӣ намудани интиқол маблағи то 50 доллари ИМА ҳаққи хизмат ба андозаи 2,4 фоиз аз маблағи умумӣ
  • Ҳангоми амалӣ намудани интиқоли маблағи аз 51 то 100 доллари ИМА ҳаққи хизмат ба андозаи 3 фоиз аз маблағи умумӣ
  • Ҳангоми амалӣ намудани интиқоли маблағи аз 100 то 10 000 доллари ИМА ҳаққи хизмат ба андозаи 3 фоиз аз маблағи умумӣ.
Ҳангоми  амалӣ намудани интиқоли маблағ аз рӯи шабакаи INTER-EXPRESS  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии  Мардумии Чин  ҳаққи хизмат аз Фиристонанда гирифта шуда ба тариқи зайл тақсим мешавад:

Ҳангоми амалӣ намудани интиқоли маблағи то 5000 доллари  ИМА ҳаққи хизмати Фиристонанда 15 доллари ИМА-ро ташкил  медиҳад:
  • Ҳаққи хизмати Иштирокчӣ 4,5 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,
  • Ҳаққи хизмати  Бонк 4,5 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,
  • Ҳаққи хизмати Бонк дар Чин 6 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳангоми амалӣ намудани интиқоли  маблағи аз 5 000 то 10 000 доллари ИМА  ҳаққи хизмати Фиристонаннда 25 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,аз ин:
  • Ҳаққи хизмати Иштирокчӣ 9,5 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,
  • Ҳаққи хизмати  Бонк 9,5 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,
  • Ҳаққи хизмати Бонк дар Чин 6 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳангоми амалӣ намудани интиқоли  маблағи  аз 10 000 доллари ИМА зиёд ҳаққи хизмати Фиристонаннда 40 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,аз ин:
  • Ҳаққи хизмати Иштирокчӣ 17 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,
  • Ҳаққи хизмати  Бонк 17 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,
  • Ҳаққи хизмати Бонк дар Чин 6 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40