Contact

CONTACT – аввалин шабакаи байналмилии русии интиқоли маблағ ва пардохтҳои шахсони инфиродӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ мебошад, ки соли 1999 аз тарафи АКБ «РУССЛАВБАНК» (ҶСП)  созмон дода шудааст.


ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲО
Шабакаи CONTACT имконият медиҳад, ки рубли русӣ, доллари ИМА ва Евро бо роҳҳои гуногун фиристода шаванд:
  • Нақд бе кушодани суратҳисоб дар нуқтаҳои CONTACT;
  • Бо кортҳои плостикӣ VISA ва MasterCard ба воситаи Интернет бо ёрии телефони мобилӣ
ПАРДОХТҲО
Бо ёрии CONTACT инчунин:
  • Пардохти қарзҳо ва пур намудани суратҳисоби шахсони инфиродӣ - мизоҷони бонкҳои ФР ва ИДМ;
  • Пардохти  хизмати танзимгарони алоқа (дар Молдова ва Абхазия) 
CONTACT –   шабакаи ягонаи русӣ, ки ҳисоббаробаркуниҳо  дар асоси талаботҳои қолабҳои байналмилалии сифат ISO 9001:2008 дорои иҷозатномаанд. Аз соли 2005 инҷониб  ширкати  машҳури аудитии BVC ҳар сол ин мутобиқатро тасдиқ менамояд.
Шабакаи CONTACT мунтазам  рушд  карда, кӯшиш менамояд,ки талаботҳои мизоҷони худро ҳадалимкон қаноатбахш намояд. Технология мунтазам мукаммал мегардад, сатҳи касбияти кормандон баланд мегардад, номгӯи хизматрасониҳо ва ҷуғрофияи шабакаи нуқтаҳои хизматрасонӣ  васеъ мегардад. Имрӯз шабака дорои бештар аз 40 000 нуқтаҳои хизматрасонӣ  дар 90 мамлакати ҷаҳон мебошад.
CONTACT  мунтазам дар бозори интиқоли  маблағ ва пардохтҳои Россия ва мамлакатҳои хориҷи наздик  ҷои намоёнро ишғол карда меояд .
Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии шабакаи CONTACT  ва нуқтаҳои хизматрасонӣ Шумо метавонед дар сомонаи www.contact-sys.com. дастрас намоед.

Оид ба масъалаҳои интиқоли маблағ метавонед бо телефонҳои
+992 (44) 600-40-45, +992 (44) 600-40-46 муроҷиат намоед.
Факс: (+992-37) 221-46-65  
Факс: (+992-37) 221-46-65
Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40