Имконияти кортҳо

Вобаста ба талаботҳои мизоҷон бонки мо барои дорандагони  кортҳои пардохтӣ  чунин хизматҳои иловагрио дохил намуд:

1. Дида баромадани тавозун ба воситаи интернет.
Ин намуди хизмат ба Шумо дар  санҷиши бақияи фаъоли худ  ба воситаи сайти интернетӣ  дар саҳифаи асосӣ кӯмак мерасонад. Барои пайваст шудан ба ин намуди хизмат ба дорандаи корт зарур аст, дар яке аз филиалҳои бонк барои хизматрасонии иловагӣ ариза нависад.

2. Пайвастшавӣ ба хабаррасонии СМС-ии фаъол ва камфаъол.
Ин намуди хизмат ба Шумо кӯмак мерасонад, ки ҳама вақт аз амалиётҳои кортатон ва ҳаракати воситаҳои пулӣ аз рӯи ҳисоби кортиатон, ба воситаи дар телефонатон  гирифтани  СМС-паём, бохабар бошед. Ба  кӯмаки ин намуди хизмат Шумо доимо аз: транзаксия  дар кортатон ва амалиёти дохил ва вуруди воситаҳои пулӣ дар ҳисоби кортиятон хабардор мешавед.
 
Ин намуди хизмат инчунин ба Шумо имконият медиҳад дар вақти барои Шумо мусоид бо ёрии СМС – пурсиш  дастрасии тавозуни корт ва ҳолати онро дониста гиред.
Инчунин Шумо ба воситаи СМС-супориш метавонед, кортро дар муҳосира гузоед ва ё аз муҳосира озод намоед.
Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба ин намуди хизмат, инчунин пайвастшавӣ ба ин намуди хизмат Шумо метавонед ба филиали наздиктарин Бонк муроҷиат намоед.

3. Пардохти хизмати провайдерҳо ба воситаи банкомат
Дар асоси  ин намуди хизмат Шумо метавонед бе пардохти маблағи иловагӣ хизматии провайдерҳои зеринро  пардохт намоед:

Операторҳои мобилӣ :

Тоҷикӣ:
  • Babilon-M
  • TCELL (93)
  • TCELL (92)
  • MegafonTajikitsan
  • BeelineTajikistan
  • TK Mobile
Хориҷӣ:
  • Beeline (Қазоқистон)
  • Beeline (Қирғизистон)
  • Beeline (Россия)
  • Beeline (Узбекистан)
  • Beeline (Украина)
  • Megafon Россия
  • МегаКом (Қирғизистон)
  • МТС (Беларус)
  • МТС (Россия)
  • TELE2
  • НУР Телеком (Қирғизистон)
Провайдерҳои интернетӣ:

  • Babilon-T (Internet)
  • Eastera Internet
  • ISP GameLine
Телефони NGN:

  • Babilon-T (NGN)
  • Eastera NGN
  • Intercom (NGN)
  • TelecomTech (NGN)
  • TajikTelecom
Моҳвораи телевизионӣ:

  • НТВ+
  • Радуга ТВ
  • ТРИКОЛОР ТВ
Барои гирифтани  маълумоти муфассал дар бораи ин намуди хизмат Шумо метавонед ба филиали наздиктарин ё Маркази хизматрасонии Бонк муроҷиат намоед.

4. Ивази ПИН – рамз дар банкомат
Махсусан барои Шумо бонки мо намуди нави хизматро таҳия намудаст, ки  ба воситаи он Шумо метавонед, ПИН-рамзи корти пардохтиатонро иваз намоед. Хизматрасонӣ тамоми вақт дар тамоми банкоматҳои бонки мо дастрас аст.

5. Дархости иқтибос аз рӯи суратҳисоб барои як давра
Ин намуди хизмат ба Шумо имконият медиҳад иқтибосро аз рӯи ҳисоби кортиятон барои давраи муайян ба воситаи почтаи электронӣ ё филиалҳои Бонк дархост намоед.

6. Маркази Хизматрасонӣ барои кортҳои плостикӣ
Махсусан барои  қулай гардонидани кори Шумо Бонк Маркази шабонарӯзии хизматрасонӣ ташкил кардааст, ки имконият медиҳад, ҷиҳати шарҳи тамоми масъалаҳо бо Бонк дар тамос бошед ва ҷавобҳои фаврӣ гиред.

7. Пур кардани ҳисоби кортҳо ба воситаи дастгоҳи Cash-in  
Махсус барои қулай гардонидани кори Шумо Бонк хизмати навро таҳия намудааст, ки бо ёрии он метавонед ба воситаи бонкаматҳои амалиёти Cash-in дошта дар вақти барои худатон мувофиқ  ҳисоби кортатонро пурра намоед.
 
8. Гузаронидани воситаҳои пулӣ аз як корт ба корти дигар
Ин намуди хизмат имконият медиҳад, ки маблағҳо аз корти Шумо ба корти нафари дигар дар ҳамин бонк гузаронида шавад. Барои ин фақат донистани рақами корти шахси маблағгиранда кофист, ҳатто агар ин кортҳо ба шабакаҳои гуногуни пардохтӣ тааллуқ дошта бошанд.

Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40