Қарзи роҳ
Дар якҷоягӣ бо БТС (Бонки тиҷоратию саҳҳомии) «Русславбонк» ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мақсади кор ба Федератсияи Русия мераванд, имконияти беназири гирифтани «Қарзи роҳ»-ро, бо пардохти минбаъдаи он дар ҳудуди Русия тавассути низоми Contact фароҳам меоварад.
Шартҳои бозпардохти қарз дар ҳудуди Русия:
- Бозпардохти қарз ба таври ҳатмӣ танҳо тавассути низоми Contact сурат мегирад;
- Ҳаққи пардохт барои интиқол тавассути низоми Contact баҳри бозпардохти қарз -– 2 %, min - 40 рубл ё 1 доллари ИМА;
- Пешниҳод намудани корти мушаххаси қарзгиранда зарур аст.
Барои гирифтани қарзи роҳ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- Маълумотнома аз ҷойи кори ҳар як кафолатдиҳанда дар бораи музди моҳона дар давоми 12 моҳ;
- Маълумотнома аз Маркази Ҷумҳуриявии клиникии психиатрӣ;
- Маълумотнома аз ҷойи зисти қарзгиранда;
- Нусхаи шиноснома аз 2 нафар кафолатдиҳанда ва худи қарзгиранда.
Маълумоти муфассалро вобаста ба масъалаи пешниҳоди «Қарзи роҳ» ва бозпардохти он метавонед дар идораҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин тавассути телефонҳои +992 (44) 600-40-50, +992 (44) 600-40-52, +992 (44) 600-40-43 пайдо кунед.