Қарзи ломбардӣ
Қарзи ломбардӣ яке аз намудҳои қарзи истеъмолӣ буда, бо гарави ашёи гаронбаҳо дода мешавад. ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба Шумо истифода аз қарзи ломбардиро пешниҳод мекунад, ки афзалияти он дар кӯтоҳтарин муҳлат ба расмият даровардан ва меъёрҳои пасти фоизӣ таҷассум меёбад.
Кӣ метавонад қарзи ломбардӣ бигирад?
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 20 болост, ба шарте, ки муҳлати баргардонидани қарз то синни 60-солагии ӯ ба охир расад.
Мақсади қарз
Қарзи ломбардӣ барои эҳтиёҷотҳои таъҷилӣ, гузаронидани чорабиниҳо, муолиҷа, саёҳат ва ғ. пешниҳод карда мешавад. Қарзи ломбардӣ дар Бонке, ки дар макони қайди Қарзгиранда ҷойгир аст, дода мешавад.
Қарзи ломбардиро аз куҷо гирифтан мумкин аст?
- ш. Душанбе - Сарбонк кӯчаи ба номи Беҳзод, 47,
- ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи ба номи Мирзоқодиров, х.3-3а
- ш. Турсунзода, кӯчаи Л.Толстой, 12,
- ш. Хуҷанд, кӯҷаи Ленин 85а,
- ш. Истаравшан , шаҳраки Гули Сурх, бинои идораи матлуботи ноҳия, ошёнаи 2,
- ш. Кулоб, кӯчаи ба номи И.Сомонӣ, 21.
Шартҳои махсус:
Ҳангоми қайди муваққатӣ доштани Қарзгиранда муҳлати қарз аз муҳлати бақайдгирӣ дароз шуда наметавонад
Муҳлати қарздиҳӣ: то 3 моҳ
Асъори қарздиҳӣ: сомонӣ / доллари ИМА
Меъёрҳои фоизӣ:
- то 20 рӯз -0,5 %
- то 30 рӯз -0,4 %
- то 60 рӯз -0,3 %
- то 90 рӯз -0,2 %
Ҳаққи пардохт барои хизматрасонӣ: 15 доллари ИМА
Маблағи қарзи ломбардӣ (меъёри қарздиҳӣ)
Дар мувофиқа бо талаботҳои меъёрии Бонк ва дар асоси имконияти пардохтии Қарзгиранда муқаррар карда мешавад, вале наметавонад аз 2 ҳазор доллари ИМА (ё муодили ҳамин маблағ дар сомонӣ) бештар бошад.
Тартиби пешниҳод ва додани қарзи ломбардӣ
Пас аз таҳия ва имзо расонии тамоми ҳуҷҷатҳои қарзӣ, қарз ба таври якбора аз хазина дар шакли нақд дода мешавад.
Пардохти қарзи ломбардӣ ва пардохти фоизҳо
Пардохти фоизҳо ҳар моҳ ва ё дар охири муҳлати қарз ба амал оварда мешавад. Пардохти қарзи асосӣ бошад, дар ҷараёни муҳлати қарз ва ё дар охири муҳлати қарз амалӣ мегардад.
Муҳлатҳои баррасӣ намудани масъалаи пешниҳоди қарзи ломбардӣ
На дер аз 1 рӯзи корӣ аз муддате, ки Қарзгиранда тамоми ҳуҷҷаҳои барои гирифтани қарз заруриро пешниҳод кардааст.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани қарзи ломбардӣ:
- Нусхаи шиноснома бо варақаи бақайдгирии ҷойи зист
- Маълумотнома дар бораи музди меҳнат (дар сурати кор кардани муштарӣ)
- Маълумотномаи бақайдгирӣ дар сохторҳои андозситонӣ (ИНН)
- Маҳсулоти заргарӣ аз металлҳои гаронбаҳо - тилло