Қарзи ипотекӣ
ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба қрзии ипотекӣ диққати махсус зоҳир мекунад ва кӯшиш менамояд, ки ипотека барои шумо вазнинӣ накунад. Шумо аввал соҳиби хона мешавед, сипас қарзи гаравии худро мепардозед. Шумо барои харидории квартира ва ё хонаи шахсӣ метавонед ба муҳлати 5 сол қарзи ипотекӣ гиред.
Афзалиятҳои қарзи ипотекии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»:
- Меъёр- 25 %-и солона.
- Вуҷуд надоштани маҳдудият ҳангоми интихоби хона.
- Шумо имконият пайдо мекунед, ки якбора ба хонаи хусусӣ кӯчида даромада, пули онро дар муддати 5 сол пардохт кунед.
- Аъзои оилаи шумо имконият пайдо мекунанд, ки дар хонаи харидорӣ намудаатон худро ба қайд гиранд.
Шартҳои асосии гирифтани қарзи ипотекӣ:
- Дар шаҳри Душанбе ва ё манотиқе, ки филиалҳои Бонк фаъолият доранд, кор кардан;
- Мавҷудияти даромади кифояи якҷояи оила барои бозпардохти қарз;
- Мавҷудияти миқдори кифояи воситаҳои пулӣ барои пешпардохт ҳангоми харидани квартира ё хонаи шахсӣ - на камтар аз 40 % -и арзиши амволи ғайриманқули харидоришаванда.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- Ариза-анкета барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ (пас аз сӯҳбат бо корманди Бонк ва қабули қарори пешакӣ пур карда мешавад);
- Нусхаи шиносномаҳои аризадиҳанда ва кафолатдиҳанда;
- Маълумотнома аз мизи суроғавии аризадиҳанда ва кафолатдиҳанда;
- Маълумотнома аз ҷойи кор бо нишон додани ҳаҷми музди моҳона (дар 6 моҳи охир);
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ/ шартномаи меҳнатии аризадиҳанда ва кафолатдиҳанда;
- Маълумотнома аз диспансери бемориҳои асаб ва маълумотнома дар бораи саломатии аризадиҳанда ва кафолатдиҳанда;
- РМА (ИНН)-и аризадиҳанда ва кафолатдиҳанда;
- Шартномаи кафолатие, ки ба таври нотариалӣ ба расмият дароварда шудааст;
- Полиси суғуртавии аризадиҳанда ва кафолатдиҳанда дар бораи суғуртакунӣ аз ҳодисаҳои нохуш;
- Маълумотнома аз Саридораи архитектура ва шаҳрсозӣ (нишонӣ: Н.Қаробоев, 48);
- Маълумотнома аз нозироти андоз дар бораи надоштани қарзҳои андозии аволи ғайриманқули харидоришаванда;
- Маълумотномаи Бюрои бақайгирии байниноҳиявӣ барои шартномаи хариду фурӯш / шартномаи гаравӣ;
- Маълумотнома аз нотариус дар бораи он, ки амволи ғайриманқули харидоришаванда фурӯхта нашудааст, ҳадя нагардидааст, баҳснок нест ва ҳабс карда нашудааст;
- Нусхаҳои шартномаҳои хариду фурӯши хонаҳо, шиносномаи техникӣ, китоби хона;
- Нусхаҳои аслии расиди пардохти хизматҳои коммуналӣ;
- Сурати андозаи 2х3-и аризадиҳанда ва кафолатдиҳанда.
Сокинони Ҷумхурии Тоҷикистон метавонанд иттилооти муфассалро дар филиалҳои Бонк дарёфт кунанд.