Қарз барои автомобил
Агар шумо барои харидории автомобил воситаҳои зарурӣ надошта бошед, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба шумо қарз барои хариди автомобил пешниҳод мекунад. Аз қарзи мазкур истифода намуда шумо метавонед, ҳар чӣ зудтар паси фармони мошини худ нишинед ва хариди дилхоҳатонро ба вақти номуайян мавқуф нагузоед.
Аз рӯи барномаи “Автокредит” Шумо метавонед, худатон намуди асъор ва мӯҳлати қарзро (ҳадди аксар-3 сол) интихоб намоед. Дархости қарзӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Автомобилро шумо метавонед дар автосалонҳои ҳамкори Бонк ва ё аз бозор харидорӣ намоед.
Шартҳои додани қарз
Меъёри фоизӣ: бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА) ва асъори миллӣ (сомонӣ) -24 % солона (дар сурати то 3 сол муайян гардидани муҳлати қарздиҳӣ)
Ҳаққи пардохт барои хизматрасонӣ: меъёри сабт гардида-150 доллари ИМА
Маблағи ҳадди ақали қарз: 7 000 сомон ва ё 2 000 доллари ИМА
Маблағи ҳадди аксари қарз: 25 000 доллари ИМА ва ё муодили он бо сомонӣ
Пешпардохт: на кам аз 40 % аз арзиши автомобили харидоришаванда
Таъмини қарз: гарави амволи ғайриманқул
Талабот ба қарзгиранда:
- Синну соли аз 20 то 60-сола
- Мавҷудияти қайд дар шаҳри Душанбе
- Мавҷудияти манбаи пардохти қарз
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани қарз:
- Ариза
- Нусхаҳои шиноснома ва маълумотнома дар бораи дар қайд будан
- Гувоҳнома дар бораи саломатии муштарӣ
- Нусхаи китобчаи меҳнатӣ, ки аз ҷониби кордиҳанда тасдиқ карда шудааст
- Варақаи намунаи имзои ба таври нотариалӣ тасдиқгардида
- Иттилоот дар бораи худ ва пайвандон (тарҷумаи ҳол)
- Маълумотнома аз сохторҳои андозситонӣ дар бораи бақайдгирӣ (ИНН)
- Шартномаи гарав, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ гардидааст (маълумотномаҳо аз Идораи бақайгирии шаҳрӣ ва Нозироти андоз дар бораи қарздор набудан )
- Маълумот дар бораи музди меҳнати солона, хароҷоти солона, собиқаи корӣ
- Бақия дар ҳисобҳои ҷорӣ ва амонатӣ (агар бошад)
- Таърихи мухтасари қарзӣ вобаста ба тиҷорати фардӣ.
Тартиби ба расмият даровардани қарз:
Ба Шумо зарур аст:
- Автомобилро интихоб намоед
- Анкетаро пур карда, ба Бонк ҳамроҳи маҷмӯи ҳуҷҷатҳо супоред
- Пас аз ҳалли мусбии масъала аз ҷониби Бонк дар бораи харидории автомобил шартнома бандед
- Бастани шартномаи қарзӣ ва шартномаи гарав, ба расмият даровардани полиси суғуртавӣ ва пардохти ҳаққи ибтидоӣ
- Пас аз бастани тамоми шартномаҳо Бонк воситаҳои пулиро барои харидории автомобил интиқол мекунад ва Шумо метавонед автомобили худатонро гиред.
- Пас аз ба қайд гузоштани мошин дар мақомоти БДА нусхаи шиноснома ва нусхаи ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиётро ба Бонк пешниҳод намоед.
- Пардохти ҳармоҳаи қарзро тибқи Ҷадвали пардохтӣ аз ёд набароред.
Мо дархости Шуморо баррасӣ мекунем ва дар муддати 24 соат аз лаҳзаи пешниҳоди маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳо дар бораи додани қарз қарор мебарорем. Пардохти қарз ҳар моҳ бо андозаи ҳаҷман баробар ба амал оварда мешавад. Фоиз барои истифодаи қарз ба бақияи қарз ҳисоб карда мешавад, аз ин рӯ қиматшавии автомобил хеле кам аст. Пардохти пеш аз муҳлати қарз пас аз 6 моҳ бе ситонидани ҷарима имкон дорад. Шабакаи филиалии мо тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтааст, аз ин рӯ Шумо метавонед дар филиали дилхоҳатон қарзатонро пардохт намоед.