Қарзи истеъмолӣ
Кредити истеъмолӣ - ин имконияти молиявист, барои амалӣ намудани тамоми нақшаву ниятҳои шумо. Чизеро, ки имрӯз ба даст оварда метавонед, ба фардо нагузоред, пагоҳ нархи он метавонад қиматтар шавад.
Кӣ метавонад қарзи истеъмолӣ гирад?
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 20 болост, ба шарте, ки муҳлати баргардонидани қарз то синни 60-солагии ӯ ба охир расад.
Чӣ гирифтан мумкин аст?
Қарзи истеъмолӣ барои харидории воситаҳои аудио, видео, асбобҳои техникии рӯзғор, мебел, маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти истеъмоли мардум аз шабакаи муассисаҳои тиҷоратӣ, ки дар асоси барномаи қарздиҳии истеъмолӣ ба шаҳрвандон бо Бонк шартнома бастаанд, пешниҳод мегардад. Қарзи истеъмолӣ дар Бонке, ки дар макони бақайдгирии Қарзгиранда ҷой гирифтаст, дода мешавад.
Қарзи истеъмолиро аз куҷо гирифтан мумкин аст?
- ш. Душанбе – саридораи Бонк, кӯчаи ба номи Бехзод 47,
- ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи ба номи Мирзоқодирова, х.3,
- ш. Турсунзода, кӯчаи ба номи Л.Толстой, 12,
- ш. Хӯҷанд, кӯчаи ба номи Ленин 85а,
- ш. Истаравшан , шаҳрчаи Гули Сурх, бинои идораи матлуботи ноҳия, ошёнаи 2,
- ш. Кулоб, кӯчаи ба номи И.Сомонӣ, 21.
Диққат - ҳангоми бақайдгирии муваққатии Қарзгиранда муҳлати қарздиҳӣ аз муҳлати қайди гирифташуда дароз шуда наметавонад.
Муҳлати Қарздиҳӣ:
Барои мебел - на бештар аз 2 сол.
Барои дигар намудҳои ашё - на бештар аз 1 сол.
Асъори қарз:
Сомонӣ
Меъёри фоизии қарз
Бо сомонӣ - 30 % солона
Ҳаҷми маблағ барои хизматрасонӣ:
0 сомонӣ
Маблағи қарзи истеъмолӣ (меъёри қарздиҳӣ):
Дар асоси талаботҳои меъёрии Бонк дар асоси имконияти пардохти Қарзгиранда муқаррар карда мешавад, вале наметавонад беш аз 5 ҳазор доллари ИМА бошад (муодили ҳамин маблағ бо сомонӣ).
Диққат. Талаботи ҳатмӣ нисбати Қарзгиранда
Мавҷуд будани на камтар аз 10 фоизи нархи моли харидоришаванда чун пардохти аввалия.
Тартиби додани қарзи истеъмолӣ
Қарз якбора дода мешавад, вале ҳар моҳ марҳила ба марҳила тибқи ҷадвали истеҳлоки (амортизатсияи) қарз, ки аз ҷониби мутахассисони қарзӣ таҳия гардидааст, бозпардохт мегардад.
Бозпардохти қарзи истеъмолӣ ва пардохти фоиз барои истифодаи он.
Бозпардохти қарзи асосӣ ва пардохти фоиз хар моҳ ба амал оварда мешавад. Пардохти фоиз бо пардохти қарзи асосӣ дар як вақт тибқи ҷадвали истеҳлок (амортизатсия) ба амал оварда мешавад.
Диққат. Ҳангоми пардохти пеш аз муҳлати қарз фоизи он дар ҳаҷме, ки дар ҷадвали истеҳлок (амортизатсияи) қарз барои тамоми давраи истифода муқаррар гардидааст, пардохта мешавад.
Муҳлати баррасии масъалаи пешниҳоди қарзи истеъмолӣ.
На дер аз 1 рӯзи корӣ пас аз тарафи Қарзгиранда пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷаҳои барои гирифтани қарз зарур.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани қарзи истеъмолӣ:
- Нусхаи шиноснома бо варақаи бақайдгирии ҷойи зист
- Маълумот дар бораи худ ва наздикон
- Маълумотномаи бақайдгирӣ аз сохторҳои андозситонӣ (ИНН) ва ё маълумотномаи СИН
- Ҳисоб-фактураи мол аз мағоза
- Маълумот дар бораи музди тозаи солона, хароҷот, собиқаи корӣ
- Замонати шахси сеюм барои гирифтани қарзи истеъмолӣ
- Кафолатномаи аз тарафи мусоҳиб тасдиқгардида аз корхоне,ки Қарзгиранда фаъолият дорад; Маҳсулоти заргарӣ аз металлҳои гаронбаҳо.