Насби POS
POS-терминал - ин терминали барномавӣ - дастгоҳист, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба воситаи кортҳои плостикӣ истифода мешавад. РОS - терминал (Point Of Sale) маънои нуқтаи савдоро дорад.Фарқи РОS - терминал аз дастгоҳи хазинавӣ дар ин аст, ки РОS - терминал имконияти ҷамъ кардани маълумотҳоро барои таҳлили минбаъда медиҳад, масалан кадом мол чӣ қадар харидорӣ гашт ва бо кадом тарз.
Кори РОS- терминал
Хазиначӣ кортро дар дастгоҳ ҷой мекунонад ва ё аз он мегузаронад, РОS - терминал маълумотро ҳисоб намуда шахсро мепурсад. Пас аз тасдиқи шахсият (ворид намудани рамзи дурусти PIN ) ба таври худкорӣ чакро ба расмият дароварда чоп менамояд. Дар як вақт ба маркази протссесингӣ оид ба амалиёти гузаронидашуда маълумот фиристода мешавад.
Пардохти РОS - терминал имконият медиҳад, ки барои пардохт кортҳои байналмилалӣ, ба мисли VISA ва Mastercard қабул карда шаванд. Ин имконият медиҳад, ки мӯҳлати гузаронидани амалиётҳо хело кам карда шавад.
Бартарии истифодаи РОS - терминалҳо:
- худкорӣ ва баҳисобгирии раванди пардохтҳо;
- инкасатсия лозим намешавад, зеро нақдина истифода намешавад;
- хазиначиро аз қабули пулҳои қалбакӣ ҳифз менамояд;
- баландгардии ҳаҷми фурӯшро таъмин менамояд (мизоҷ ба хариди ғайринақшавӣ муносибати дигар дорад);
- имконияти хато намудани хазинадорро ҳангоми кор бо мизоҷ аз байн мебарад.
POS - терминалҳо доимӣ (статсионарӣ) ва ҳаракаткунанда (мобилӣ) мешаванд.
Шартҳои мо
|
Насб ва пешниҳоди дастгоҳ*
|
Ройгон
|
Кушодани суратҳисоб*
|
Ройгон
|
Ҳаққи хизмат барои амалиёт*
|
2%
|
Ҳаққи хизмат барои гирифтани нақдина аз хазина
|
0,5%
|
Кушодани корти дохилии бо суратҳисоби Шумо вобаста
|
12$
|
Пайвастнамоии хизматрасонии СМС - паёмак
|
Ройгон
|
__________________________________________________________________
* Агар ширкат хати барқи доимӣ надошта бошад, имконияти насби POS - терминал ва ҳаракаткунанда (мобилӣ) мавҷуд аст.
* Имконияти алоқамандии POS - терминал ба суратҳисоби дигар бонк мавҷуд ҳаст.
* Вобаста ба гардиши ширкат фоизи хизматрасонӣ метавонад байни 0,5% то 2% бошад.