Лоиҳаи маош
Нақшаи пардохти маош бо ёрии кортҳои плостикии “маошӣ” – ин восита махсусест, ки ба ташкилот имконияти пардохти маош, мукофотпулӣ, ёрдампулӣ, хароҷотҳои сафари хизматӣ дар дигар маблағгузарониҳоро ба кормандон бо тарзи оддӣ, зуд ва боэътимод фароҳам меоварад. Барои кормандони муассиса суратҳисобҳои бонкӣ кушода шуда, ба онҳо кортҳои плостикӣ дода мешавад.
Муҳосиби ташкилот маошро ҳисоб менамояд ва аз дафтари корӣ набаромада аз рӯи низоми “Мизоҷ -Бонк” ( гардиши ҳуҷҷатбозии анъанавӣ низ имкон дорад) дархости пардохтӣ ва рӯйхати гузаронидани маблағро ба суратҳисоби махсуси кормандон, ки дар бонк кушода шудааст,мефиристад. Бо ҳамин фаъолияти муҳосиби ташкилот ҷиҳати додани маош ба охир мерасад, минбаъд корҳоро Бонк ба ҷо меорад. Кормандони муассиса бо ёрии кортҳои бонкӣ, ки дар асоси суратҳисобҳои кортӣ кушода шудаанд, метавонанд, дар вақтҳои барои онҳо муносиб аз банкоматҳо ва нуқтаҳои додани пули нақд маоши худро гиранд, дигар пардохтҳоро гузаронанд, инчунин пардохтро барои хариди мол ва хизматрасониҳо амалӣ намоянд.
Аз суратҳисоби дохилӣ (суратҳисоби муасссиса) маош ба корти кормандон гузаронида мешавад. Суратҳисоби кортӣ бо арзи хориҷӣ - доллари ИМА пеш бурда мешаванд. Гузаронидани маблағҳо аз суратҳисоби муассиса ба суратҳисобҳои кортӣ метавонад,чӣ бо арзи миллӣ, чӣ бо дигар асъор сурат гирад (дар ин ҳолат Бонк мубодиларо аз рӯи қурби бонкии фурӯши асъор амалӣ менамояд).
Гирифтани пули нақд аз банкоматҳо чӣ бо арзи миллӣ-сомонӣ ва чӣ бо доллари ИМА имкон дорад. Ҳангоми сафар ба хориҷа соҳиби корт имкон дорад, пули нақдро бо асъори мамлакате,ки ба он сафар дорад, гирад. Маблағҳои дар корт буда ҳангоми гузаштан аз сарҳад қобили изҳорнома нестанд.
Афзалияти истифодаи лоиҳаи “маош”
- Пардохти маош ба воситаи кортҳо яке аз намудҳои пардохти ғайринақдии маош буда, мақсади асосии ин нақша кам намудани гардиши пули нақд дар ташкилот мебошад. Ин дар навбати худ дорои маъноҳои зер мебошад:
- Кам кардани меҳнати хадамоти муҳосибӣ ва хазиначиён, инчуни хароҷотҳои вобаста ба гирифтани пули нақд дар бонк ва баргардонидани бақияи нақдинаҳо, нақли маблағҳои пулӣ, ҳисобкунӣ, нигоҳдорӣ ва додани воситаҳои пулӣ;
- Кам намудани кори муҳосибот ва хазинаи муасссиса,кам намудани ҳаҷми амалиётҳои муҳосибавӣ;
- Содда кардани тартиби сохтани нақшаи хазинавӣ;
- Ҳалли масъалаи интизоми хазинавӣ ва риояи меъёри хазина. Муассиса пули нақд намедиҳад, инчунин зарурияти кашондани маблағҳо барои додани маош аз байн меравад;
- То ҳадди поёнӣ расонидани хавфҳои вобаста ба нигоҳдории пули нақд дар хазина;
- Мавҷуд набудани зарурияти ҳифозат ва нигоҳдории амонатҳои гирифтанашуда;
- Махфияти пардохти меҳнат (дар бораи ҳаҷми пардохтҳо шумораи ками кормандон огоҳӣ доранд);
- Ҳангоми сафари хизматии корманд ба хориҷа имконияти гузаронидани маблағҳои сафари хизматӣ ба корт бо асъори миллӣ ва гирифтани он бо асъори мамлакати сафаркарда мавҷуд аст.
Корт – ин воситаи муносибати (диффферсионӣ) тафовутнок ба кормандон ва воситаи идораи асоснок мебошад. Намуди корти интишоргардида (Electron, Classic ё Gold) метавонад, мавқеи кормандро дар зинаи вазифаҳо, дараҷаи бовариро ба вай, мӯҳлати хизматро дар ширкат муқаррар созад.
Афзалияти кортҳои “маошӣ” барои кормандон
Ҳангоми амалӣ гардидани лоиҳаи “маош” кормандони муассиса на танҳо ягон масъулияти моддӣ ва маънавӣ надоранд,балки якчанд фоида низ мебинанд:
- Корманд аз зарурияти истодан дар навбат дар рӯзҳои гирифтани маош фориғ мешавад;
- Корманд аз ҳифозоат ва нигоҳдории амонати воситаҳо пулӣ ҳангоми рӯзи маош дар беморхона ё сафари хизматӣ будан, инчунин бо ягон сабаб набудан дар ҷои кор фориғ аст. Маошро “кадом вақте хоҳад, дар куҷое хоҳад” гирифтан мумкин аст. Банкоматҳо дар ҳафта 7 рӯз, як қисми онҳо шабонарӯзӣ кор мекунанд. Гирифтани маблағҳо аз ҳама банкоматҳо ё нуқтаҳои додани пули нақд дар тамоми ҷаҳон имкон дорад;
- Шахсони инфиродӣ соҳбмулки комилҳуқуқи суратҳисобҳои худ буда, онҳо пурра воситаҳои дар кортҳояшон бударо ихтиёрдорӣ менамоянд ва имконияти пур кардани воситаҳои худиро доранд (масалан, барои истифодаи корт дар хориҷа ҳангоми рухсатӣ ва сафари хизматӣ);
- Корманд имконият дорад пули нақдро бо асъори маъқули дилаш гирад (сомонӣ ё доллари ИМА);
- Кортҳои плостикӣ барои пардохт дар марказҳои савдои бузург қабул карда мешаванд, низоми қабули кортҳо барои пардохт мунтазам васеъ мегардад.
Бехатарии амалиёт аз рӯи кортҳои плостикӣ
Низоми пардохтҳои байналмилалӣ барои бехатарии амалиётҳои кортҳои плостикӣ ва ба амалбарории ҳисоббаробаркунӣ бо онҳо талаботҳои қатъӣ мегузоранд ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” иштирокчии расмии низоми байналмилалии пардохт ба шумор меравад. (Узви муттаҳидаи VISA International ва узви асосии STB) ва тамоми талаботҳоро нисбати ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳо риоя менамояд. Ҳисобаробаркунӣ бо истифода аз кортҳои плостикӣ дорои хусусиятҳои бехатар ва боэътимод буда, амалиётҳои бонкӣ хеле зуд ба ҷо оварда мешаванд. Нигоҳдории воситаҳо дар корт ба воситаи обрумандии Бонк ва низоми байналмилалии пардохт кафолат дода мешавад.
Намудҳо
Бонки тиҷоратии “Тоҷиксодиротбонк” амалӣ гардидани лоиҳаҳои маошро дар асоси кортҳои плостикии ҳамаи намудҳо кафолат медихад:
- VISA Electron, VISA Classic, VISA Gold
- Maestro, Mastercard Standard, Mastercard Gold
- STB Classic, STB Gold