Интернет - бонк
Агар Шумо вақти худро қадр мекунед, агар Шумо вақти дар навбат истодан надоред, агар Шумо бороҳатӣ ва ҳузуру ҳаловатро меписандед, пас “Интернет- бонк” барои Шумост.
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк ба Шумо низоми хизматрасонии бонкии масофавии “Интернет- банкинг”-ро, ки хизматрасони пурраи бонкиро ба воситаи шабакаи Интернет аз тамоми гӯшаҳои кураи замин таъмин менамояд, пешкаш менамояд.
«
Интернет-банкинг» - ин имконияти ба амал баровардани амалиётҳо аз суратҳисоби худ, ки дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” кушода шудааст, бе ташриф ба дафтари кории бонк мебошад. Вай имконият фароҳам меоварад, ки навбат истоданро дар назди хазина ва шӯъбаҳои ҳисоббаробаркунии дигар ташкилотҳо фаромӯш созед
Бо ёрии шабакаи «Интернет-банкинг» Шумо метавонед ҳаётатонро боҳаловат гардонед:
- Дар бораи бақияи воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби бонкӣ маълумот гиред;
- Дар бораи ҳаракати воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби бонкӣ маълумот гиред
- Дар бораи қарзи дошта, инчунин фоизҳои ҳисобшуда барои қарз иттилоот дошта бошед;
- Қарзро пардохт намоед;
- Интиқоли маблағҳоро бо сомонӣ ва асъори хориҷӣ ба иҷро расонед;
Ба расмият даровародани ин хизмат хело содда аст:
- Ба Шумо зарур аст, ки ба яке аз сохторҳои Бонк муроҷиат намуда барои ҳамроҳ шудан ба шабака шартнома ба имзо расонед ва инчунин ба Қоидаи пешниҳоди хизматҳо шинос шавед;
- Ба Шумо муҳаррики OTR барои созмони калидҳои якдафъаина, ки имзои рақамиро иваз мекунад, пешниход карда мешавад.
ТАРОФАҲО БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ - БОНК
|
Пардохти яквақта барои ба қайдгирӣ дар шабака ва пешниҳоди як генератори ОТР ActivIdentity ва омӯзиши кормандони масъули мизоҷ
|
250 сомонӣ
|
Пешниҳоди генератори иловагии OTP ActivIdentity ва ё ивази он бо дархости мизоҷ
|
200 сомонӣ
|
Пардохти ҳармоҳаи ҳаққи муштарӣ барои хизматрасонии истифодаи Интернет-бонк (дар рӯзи охири кории моҳ дошта мешавад)
|
50 сомонӣ
|
Омӯзиши такрории корманди масъули мизоҷ
|
50 сомонӣ
|