Дигар намудҳо
Соҳа – истеҳсолот, илм, савдо, кишоварзӣ, сохтмон, тиб, маданият.
Қарзгир: шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда.
Ҳаҷми қарзҳо:
- Барои тиҷорати хурд аз 50 000 $ то 100,000 $
- Барои қарзҳои калон аз 100,000 $ то 700,000 $
Фоизи қарз: вобаста ба рақобат дар бозори қарз
Муҳлат:
- Кутоҳмуддат - аз 6 моҳ то 1 сол
- Миёнамуҳлат- аз 1 то 2 сол
Сарчашмаи маблағгузориҳо: маблағҳои худии бонк
Шартҳои махсус: мавҷудияти суратҳисоб дар бонк, мизоҷ бояд резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Асъори қарз: доллари ИМА, Евро, сомонӣ.
Дар доираи Консепсияи рушд қарздиҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дар ду намуд амалӣ карда мешавад:
Аввалан: қарздиҳӣ ҳангоми саршавии тиҷорат - вақте ки бо мақсади паст кардани хавф ҳангоми маблағгузорӣ зарурияти ҳатмии мавҷуд будани сармояи аввала дар ҳаҷми на камтар аз 30 фоизи маблағ.
Дуюм: ҳангоми мавҷуд набудани сармояи аввала.
Пардохти қарз низ дар ду намуд амалӣ карда мешавад:
Аввалан: Вақте ки маблағи қарз ҳар моҳ бо назардошти қисми маблағи асосӣ ҷамъи фоизҳо пардохт гашта аз маблағи умумӣ бароварда мешавад.
Дуюум: Вақте ки фоизҳо ҳар моҳ пардохт гардида, маблағи асосии қарз дар охири муҳлат пардохт мегардад.
Қарзҳо ду хел мешаванд: қарздиҳии контокоррентнеги - қарздиҳии давра ба давра ва пардохти давра ба давра дар доираи хатти қарзӣ ва қарзи якбора: як бор дода шуда, як бор пардохт карда мешавад.