Қарзҳо ба мизоҷони иттиҳодиявӣ
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дархостҳои қарзии субектҳои хоҷагидориро аз рӯи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дида мебарояд. Бонк қарзҳоро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ пешниҳод менамояд.
Намудҳои маҳсулотҳои қарзии пешниҳодшаванда:
- Қарз
- Хатти қарзӣ
- Қарзи таъҷилӣ (Экспресс кредит)
- Овердрафт
- Лизинг
- Қарзи чандаъзо (Синдицированное кредитование)
- Кафолати бонкӣ ба манфиати шахси сеюм
Кафолати ба дараҷаи даркорӣ иҷро намудани шартномаҳо:
- Кафолати баргардонидани пешпардохт
- Кафолати музояда
- Кафолат ба манфиати мақомоти гумрук
- Кафолат аз рӯи пардохти ҷамъоварии аксизҳо
- Кафолат ба манфиати боркашони ҳавоӣ
Мақсади пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ:
- Маблағгузории кӯтоҳмуддати фарқи хазинавӣ
- Зиёд намудани гардиши мол
- Зиёд намудани гардиши сармоя
- Ба амал баровардани хароҷотҳои сармоя (васеъшавӣ, азнавмусаллаҳшавии техникӣ, азнавсозии истеҳсолтоти амалкунанда)
- Мақсадҳои дигар
Бо мақсади кам кардани хароҷотҳои Қарзгир барои хизиматрасонии муомилаи қарзӣ, ҳангоми дида баромадани дархостҳои қарзӣ мо барои ҳаматарафа барои мизоҷ муносиб гардонидани муомила маслиҳатҳо медиҳем.
Муҳлатҳои пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ:
- Аз 1 то 12 моҳ (кутоҳмуддат)
- Аз 12 то 24 моҳ (миёнамуҳлат)
- Бештар аз 24 моҳ (дарозмуддат) – Лизинг (иҷораи молиявӣ)
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” хусусиятҳои фарқкунандаи даври истеҳсолӣ, шартҳои аз шартнома ва созишномаҳо сарзананда, гардиш аз рӯи суратҳисобҳои Қарзгир ҳангоми муқаррар намудани мӯҳлати истифодаи захираҳои қарзии бонкро ба ҳисоб мегирад. Муҳлати пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, инчунин аз қобилиятит пардохтпазирӣ доштани Қарзгир ва мақсадҳои қарз низ вобаста аст..
Фоизҳо аз рӯи пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ: фоизҳо аз рӯи маҳсулоти қарзӣ вобаста аз омилҳои зерин барои ҳар як қарзгир ба таври фардӣ муқаррар карда мешавад: маблағ, муҳлат, асъори маҳсулоти қарзӣ.
Талаботҳо нисбати Қарзгири эҳтимолӣ
- Қарзгир бояд дороии нақд ва сармояи худӣ дошта бошад
- Қарзгир бояд дорои шабакаи истеҳсолӣ, бозори фурӯш ва низоми фурӯши маҳсулот бошад.
- Қарзгир бояд дорои тиҷорати шафоф бошад ва гардишҳо ба воситаи суратҳисоби бонкӣ амалӣ шаванд.
- Қарзгир бояд дорои тиҷорати бонизом, ояндадор ва рушдкунанда бошад.
Ба сифати таъмини воситаҳои қарзии пешниҳодгардида мо дида мебароем:
- Замонат (таъминот)
- Кафолат (бонкҳои беруна)
- Гарав
- Амволи ғайриманқул ва воситаҳои асосӣ
- Молу маводи гаронбаҳо ва ашёи хом
- Амонатҳои дар бонк гузошташуда
- Қоғазҳои қиматнок
Маблағи таъминот аз рӯи қимат бояд маблағи қарз ва фоизҳои онро дар давраи ҳисоботӣ бо таносуби 2 бар 1 пӯшонад
Маҳсулоти қарзӣ ба мизоҷ дар мавқеи ҷойгиршавияшон пешниҳод мегарданд.
Ҳуҷҷатҳои барои пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ зарур ба Сарбонк ё филиалҳои ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” пешниҳод карда мешаванд.