Хизматрасонии ҳисобрасию хазинавӣ

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”  маҷмӯи хизматҳоро ҷиҳат кушодан ва  расонидани хизмати суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва ҷорӣ, ҳисобҳои амонатӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо бо сомонӣ ва арзи хориҷӣ пешниҳод менамояд. Ба мизоҷон технологияи муосири шабакаҳои  S.W.I.F.T ва  "Клиент-Банк" пешниҳод карда мешавад.

Хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунӣ:
  • Интиқоли воситаҳои пулӣ бо сомонӣ ва арзи хориҷӣ;
  • Қабули пардохтҳо ба нишони Мизоҷ – шахси ҳуқуқӣ аз шахсони инфиродӣ;
  • Мубодилаи воситаҳои пулӣ;
  • Хизматрасонии амалиётҳои содирот ва воридот;
  • Амалиётҳои ҳуҷҷатӣ;
  • Идораи воситаҳо дар суратҳисоби Мизоҷ бевосита аз  офиси (дафтари)  Мизоҷ бо ёрии низоми “Клиент- Бонк”.
Хизматрасонии хазинавӣ:
  • Додани нақдина аз суратҳисоб;
  • Қабули нақдина ба суратҳисоб;
  • Аз нав шумурдани пулҳои қоғазӣ ва  тангаҳои фузулӣ;
  • Майда кардани воситаҳои пулии нақд ;
  • Санҷиши ҳаққонияти воситаҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ (бо комиссия)
  • Хизматрасонии инкассатсия.
Дар хазинаҳои амалиётии Бонк амалиётҳои зерин гузаронида мешавад:
  • Хариду фурӯш асъори нақди хориҷӣ бо сомонӣ (доллари ИМА,Евро);
  • Барои санҷиш гирифтани  пулҳои қоғазии давлатҳои хориҷӣ, ки аслияташон  шубҳанок аст;
  • Амалиёт барои майда кардани пулҳои қоғазӣ;
  • Додани пули нақди хориҷӣ\ пули нақди сомонӣ аз рӯи кортҳо
Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40