08.03.2015

Рӯзи Модар

Рӯзи Модар

Бо вуруди баҳори нозанин натанҳо домони табиати сайёра гулпӯшу муаттар мегардад, балки зебоию фараҳмандӣ вориди дилу дидаҳои мардум мегардад. Баҳор фасли ҷашну хушиҳост ва нахустин ҷашни зебои он Рӯзи модар аст. Оғози баҳор бо Рӯзи модар шояд розу рамзҳое дорад аз авсофи муштаракаи онҳо мисли зебоиву меҳрубонию ҳаётпарварияшон.

Рӯзи модар бо густурдани хони пурнозу неъмат барои намояндагони ҷинси латиф, кормандони Тоҷиксодиротбонк ва бонки фаръии “Бонки рушди Тоҷикистон” дар бинои Сарбонк бо самимияту шаҳомати сазовор таҷлил гардид. Раиси бонк Тоҷидин Пирзода бонувонро ба ифтихори ин ҷашни зебо табрику таҳният гуфта, барояшон аз Худованди меҳрубон сарсабзиву саломатӣ, зиндагии пурхайру нишот, бахту иқбол, рӯҳи саршору тани нерӯманд ва пирӯзиҳову  комгориҳои  нав ба навро орзу намуд.

Ҷиҳати хушию фараҳмандии бештари бонувон барои онҳо озмунҳои гуногуни шавқовар баргузор карда шуд ва ғолибони озмунҳо бо тӯҳфаҳои арзандаи хотиравӣ бо бренди Тоҷиксодиротбонк сарфароз карда шуданд.












Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40