1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Сиёсати мазкур мутобиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба талабот оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва талаботи санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
1.2. Сиёсати мазкур санадест, ки барои ҳамаи кормандони бонк дастрас буда, аз тарафи роҳбарияти ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" (минбаъд – Бонк) оид ба равиши таъмини амнияти иттилоотӣ қабул гардида, асосҳои низоми идораи амнияти иттилоотиро дар асосибаёни муназзами мақсадҳо, равандҳо ва тартиби амнияти иттилоотӣ муқаррар мекунад.
1.3. Роҳбарияти Бонк аҳамияти рушд ва такомули тадбирҳо ва воситаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар заминаи рушди қонунгузорӣ ва меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти бонкӣ, ҳамчунин рушди технологияҳои амалишавандаи бонкӣ ва интизороти муштариёни Бонк ва тарафҳои дигари манфиатдорро дарк менамояд. Риояи талаботи амнияти иттилоотӣ имкон медиҳад, ки имтиёзҳои рақобатии Бонк фароҳам карда шавад, эътидоли молиявӣ, даромаднокӣ, мутобиқати он бо талаботи ҳуқуқӣ, танзимкунандагӣ ва шартномавӣ ва болоравии эътибори он таъмин гардад.
1.4. Талаботҳои амнияти иттилоотии аз тарафи Бонк пешниҳодшаванда ба манфиатҳо (мақсадҳо)-и фаъолияти Бонк ҷавобгӯ буда, барои паст кардани хавфҳои бо амнияти иттилоотӣ алоқаманд то сатҳи зарурӣ пешбинӣ гардидааст. Омилҳои хавфҳо дар фазои иттилотии Бонк бо идораи дастаҷамъонаи он (менеҷмент) ва амалисозии бизнес-равандҳо, муносибатҳои мутақобилаи контрагентҳо ва муштариён ва фаъолияти дохилихоҷагӣ алоқаманд мебошад. Омилҳои хавфҳо дар фазои иттилотии Бонк қисмати муҳими хавфҳои амалиётии Бонкро ташкил дода, ҳамчунин бо хавфҳои дигари фаъолияти идорӣ ва асосии бонк алоқаманд мебошад.
1.5. Стратегияи бонк дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот дар қатори чизҳои дигар иҷрои талаботҳоро дар фаъолияти ҷорӣ дарбар мегирад:
· Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният, амнияти технологияи иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот, ҳифзи маълумотҳои шахсӣ ва сирри бонкӣ;
· Санадҳои меъёрии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи таъмини амнияти ҷисмонӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, муқовимат бо таҷассуси техникӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ва махфият;
· Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ;
· Маҷмӯи қоидаҳо оид ба идораи ҳифзи иттилоот (стандарти байналмилалии 150/1ЕС 27002).
1.6. Талаботҳои зарурии таъмини амнияти иттилоотии Бонк аз тарафи кормандони Бонк ва тарафҳои дигар тибқи муқаррароти ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилии Бонк, ҳамчунин аз ҷониби тарафҳои дигаре, ки бо Бонк созишнома ва қарордордҳо доранд, бояд бечунучаро риоя шавад.
1.7. Сиёсати мазкур дар бизнес-равандҳои Бонк татбиқ мегардад ва риояи он барои ҳамаи кормандон ва роҳбарияти Бонк ва ҳамчунин истифодабарандагони захираҳои иттилоотии он ҳатмӣ мебошад.
1.8. Сиёсати мазкур ҳуҷҷати идоравии сатҳи якум оид ба ИБ мебошад.
2. ШАРҲИ ОБЪЕКТИ МАВРИДИ МУҲОФИЗАТ
Объектҳои асосии мавриди муҳофизат низоми амнияти иттилоотӣ дар Бонк иборат аст аз:
· Захираҳои иттилоотие, ки иборатанд аз асрори тиҷоратӣ, маълумотҳои шахсии шахсони воқеӣ, маълумотҳои интишорашон маҳдуд, ҳамчунин иттилооти бози ба фаъолияти Бонк алоқаманд, новобаста аз шакл ва намуди пешниҳоди он;
· Захираҳои иттилоотие, ки иборатанд аз маълумотҳои махфӣ, аз ҷумла, маълумоти махфии шахсии шахсони воқеӣ, ҳамчунин иттилооти бози ба фаъолияти Бонк алоқаманд, новобаста аз шакл ва намуди пешниҳоди он;
· Он кормандони Бонк, ки таҳиякунанда ва истифодабарандагони низоми иттилоотии Бонк мебошанд;
· Сохтори иттилоотии марбут ба низоми коркард ва таҳлили иттилоот, коркардаи техникӣ ва барномавии он, аз ҷумла шабакаҳои табодули иттилоот ва телекоммуникатсия, систеиаҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилоот, объектҳои ва маконҳое, ки дар онҳо чунин системаҳо ҷойгир шудаанд.
Инвентаризатсияи дороиҳои иттилоотӣ ҳадди ақал як бор дар сол аз тарафи Шуъбаи идораи низом гузаронида мешавад. Инвентаризатсияи дороиҳои иттилоотии Бонк дар заминаи пойгоҳи иттилоотии мавҷуда гузаронида мешавад.
3. ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
Ҳадаф аз фаъолият оид ба таъмини амнияти иттилоотии Бонк иборат аст аз паст кардани таҳдидҳои вобаста ба амнияти иттилоотӣ то сатҳи зарурӣ барои бонк.
Вазифаҳои асосӣ оид ба таъмини амнияти иттилоотии Бонк:
· Ошкор намудани таҳдидҳои воқеӣ вобаста ба амнияти иттилоотӣ ва осебпазирии объектҳои мавриди муҳофизат;
· Пешгирӣ намудани ҳодисаҳои вобаста ба амнияти иттилоотӣ;
· Аз байн бурдан ё кам кардани таҳдидҳои ошкоршуда.