Хизматрасониҳо ва амалиётҳо, ак аз ҷониби филиал пешниҳод карда мешаванд

Реҷаи корӣ

Рузҳои корӣ Душанбе – Ҷумъа аз 8:00 то 17:00 (рузи амалиётӣ аз 8:30 то 12:00)

Танафус ҳамаруза аз 12:00 то 13:00

Рузҳои истироҳат – шанбе, якшанбе


Амалиёт ва муомилаҳои филиал

Филиал метавонад навъҳои зерини амалиётҳои бонкиро гузаронад:

- ҷалби амонат ва пасандозҳо;

- додани қарзҳо (кредитҳо) (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:

а) қарзҳои (кредитҳои) истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;

б) факторинг;

в) маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла форфейтинг;

- кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;

- хариду фурўши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:

а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ўҳдадориномаҳо ва сертификатҳои амонатӣ);

б) асъори хориҷӣ;

в) воситаҳои қурбӣ ва меъёри фоизӣ;

г) саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

ғ) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;

- додани кафолат, баҳисобгирии ўҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;

- хизматрасонии клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: чекҳо, кортҳои пардохтии кредитӣ, дебетӣ ва ғайра, чекҳои сафарӣ, векселҳо, интиқолҳои электронӣ, дебет ва кредитҳои қаблан иҷозатшуда);

- миёнаравӣ дар бозори пулӣ;

- амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);

- хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);

- ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар банди мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Бонки  миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

- қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо.

Филиал ғайр аз амалиёти бонкии номбаршуда, ҳуқуқ дорад аҳдҳои зеринро ба амал барорад:

- додани замонат, ки иҷрои ўҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;

- иҷораи молиявӣ (лизинг);

- амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;

- хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;

- хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;

- хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ (кредитӣ).

Ҳамаи амалиёт ва муомилаҳои бонкии номбурдашуда бо пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ анҷом дода мешаванд.

 

Амалиётҳое, ки Маркази хизматрасонии Бонкӣ  иҷро мекунад:

- хизматрасонии интиқоли пулии шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб;

- хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ;

- додани қарзҳои хурд;

- амалиётҳои кассавӣ;

- қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда аз аҳолӣ;

- фурўш, харид ва пардохт намудани бурди вомбаргҳои давлатӣ;

- анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурўши асъори нақди хориҷӣ.    
Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40