ҶСК Тоҷиксодиротбонк якумин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корти пардохтии «чип»-дори низоми пардохтии UnionPay International баровард 16.11.2016

ҶСК Тоҷиксодиротбонк якумин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корти пардохтии «чип»-дори низоми пардохтии UnionPay International баровард




ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” номгуйи маҳсулотҳои кортии худро васеъ намуда, дар бораи барориши якумин корти пардохтии «чип»-дори низоми пардохтии Чинии UnionPayInternational эълон менамояд.

Навоварӣ ва пешсафӣ дар ҷорӣ намудани маҳсулотҳои муосири пардохтӣ ва хизматрасонӣ доимо хоси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мебошад.

Кортҳои низоми пардохтии UnionPayInternational дар зиёда аз 157 мамоликҳои ҷаҳон қабул шуда, як қатор бартариятҳои низомҳои ҷаҳонии пардохтиро дорост. Кортҳо барои пардохти молу хизматрасониҳо ниҳоят осонпазир буда, мубодилаи ғайринақдии сомонӣ ба юани чин ва асъорҳои дигар бо курбҳои мусоид амалӣ карда мешаванд. Инчунин, ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо тахфифҳо пешниҳод карда мешаванд.

Корти низоми пардохтии UnionPayInternational аз ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” – ин имкониятҳои нав ва бартариятро барои дорандагони он медиҳад.

Барориши корт бо «чип»-и (EMV) UnionPay бехатарии зиёд ҳангоми гузаронидани амалиётҳо ва нигоҳдории иттилоотҳои кортҳо таъмин менамояд.

Аз навигариҳо бархурдор бошед! Рузҳои наздик ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” барориши кортҳои низоми пардохтии UnionPayInternational-ро ифтитоҳ мебахшад.    

Маълумотнома:

UnionPay International (UPI) – низоми пардохтӣ, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, ширкати фаръии ChinaUnionPay мебошад ва барои рушд ва пешрафти тиҷорати UnionPay берун аз марзи Чин фаъолият мебарад. UPI бо зиёда аз ҳазор ташкилотҳои молиявӣ дар ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Ба оғози соли 2016 зиёда аз 5 мрлд кортҳои пардохтӣ баровардааст. UPI  хизматрасониҳои баландсифат ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва бехатари хизматрасониҳои пардохтии фаромарзиро барои дорандагони кортҳои худ таъмин намуда, барои дорандагони афзудаистодаи кортҳои UPI ва муассисаҳои савдову хизматрасонӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.    

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40