Вохурӣ бо намояндагони низоми пардохтии  UnionPay International 27.09.2016

Вохурӣ бо намояндагони низоми пардохтии UnionPay International



Имруз Роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бо намояндагони низоми пардохтии UnionPay International менеджери минтақавӣ муҳтарам Ж. Ченгдонг ва менеджер оид ба рушди тиҷорат муҳтарам К. Танкиев вохурӣ гузаронданд.

Дар вохурӣ ҳамкороиҳои дутарфа ва рушди лоиҳаи барориши EMV – кортҳо низоми UnionPay International дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва рушди низоми UnionPay International дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

Дар навбати худ муҳтарам Ж. Ченгдонг дар бораи фаъолияти корхонаи UnionPay International дар сараввал бозори Хитой ва баъд дар бозори ҷаҳони маълумот дод. Зиёда аз 160 давлат ба ин низом пайваст шуда ба мизоҷон хизмат мерасонанд. UnionPay International барои беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасони як чанд маҳсулотҳои инноватсионии бонкиро ҷиҳати интиқоли маблағ ва хизматрасонӣ пешниҳод намудааст, ки тамоми аҳолӣ аз он метавонад истифода барад.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40