Шурӯи амалиётҳои интиқоли пул дар Тоҷиксодиротбонк 10.06.2016

Шурӯи амалиётҳои интиқоли пул дар Тоҷиксодиротбонк



Шурӯи амалиётҳои интиқоли пул дар Тоҷиксодиротбонк

Маъмурияти муваққатии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён силсилаи чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, шуруъ аз 9 июни соли ҷорӣ амалиётҳои интиқоли пули миллӣ дар шабакаи филиалҳои бонк роҳандозӣ гардидааст. Шаҳрвандон метавонанд тавассути филиал ва марказҳои хизматрасонии Тоҷиксодиротбонк ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки воҳидҳои сохтории бонк мавҷуданд, интиқоли маблағро бо пули миллӣ – сомонӣ анҷом диҳанд.
Ҳамзамон, дар бинои Сарбонк воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 47 низомҳои байналмилалии “Золотая Корона”, “Контакт”, “Юнистрим”, Western Union, Interexpress ва Caspian Money Transfer фаъол карда шудаанд ва ин ба мизоҷон имкон медиҳад, ки маблағҳои интиқолии худро аз хориҷи кишвар тавассути ин низомҳо дастрас намоянд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40