ШУРӮИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ МУШТАРИЁН ТАВАССУТИ ПОС-ТЕРМИНАЛҲОИ ТОҶИКСОДИРОТБОНК 27.05.2016

ШУРӮИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ МУШТАРИЁН ТАВАССУТИ ПОС-ТЕРМИНАЛҲОИ ТОҶИКСОДИРОТБОНК



ШУРӮИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ МУШТАРИЁН ТАВАССУТИ ПОС-ТЕРМИНАЛҲОИ ТОҶИКСОДИРОТБОНК

Маъмурияти муваққатии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён аз рӯзи 26 майи соли равон дар як қатор филиалҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пардохти маблағҳои нақдӣ тавассути пос-терминалҳои Бонк шурӯъ намуд.

Тавре маълум аст, дар пайи таъсири омилҳои буҳронӣ тайи чанд вақти охир бинобар мунтазам таъмин нагардидани банкоматҳои Бонк бо пули нақд дорандагони кортҳои пардохтии Тоҷиксодиротбонк ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд. Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд муштариён дар доираи меъёри муайяншуда ва имкониятҳои мавҷуда маблағҳои худро дар филиалҳои маҳалли зисти худ дастрас намоянд.

Муштариён метавонанд ба филиалҳои зерини Бонк муроҷиат намоянд:

- Филиали ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" №34 дар ноҳияи Шаҳринав

- Филиали ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" №39 дар ноҳияи Панҷ

- Филиали ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" №41 дар ноҳияи Роштқалъа

- Филиали ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" №65 дар ноҳияи Вахш

- Филиали ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" №76 дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Навобод

- Филиали ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" №78 дар ш.Душанбе, х.Рӯдакӣ 4/33

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40