Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани маъмурияти муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 19.05.2016

Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани маъмурияти муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”



Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 18 маи соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати то се моҳ таъйин намуд.

Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” чораҳои зарурӣ андешад.

Хадамоти матбуоти БМТ

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40