Маҷлиси солонаи умумии саҳмиядорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 20.03.2016

Маҷлиси солонаи умумии саҳмиядорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»



19 марти соли 2016 Маҷлиси солонаи умумии саҳмиядорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баргузор шуд. Раиси Бонк Тоҷидин Пирзода зимни ифтитоҳи он иброз дошт, ки Маҷлиси умумии саҳмиядорони бонк имсол дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегардад ва ҳамчунин, дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ аз таъсисёбии Тоҷиксодиротбонк 24 сол пур мешавад. Раиси Бонк ҳозиринро ба муносибати ин ҷашнҳои фархунда муборакбод гуфта, таманно намуд, ки соли нави аҷдодӣ барои мо соли заҳмати созанда ва дастовардҳои арзанда бошад.

Сипас ҳисоботи Раиси Бонк оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар соли 2015 шунида ва тасдиқ карда шуд. Тоҷидин Пирзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи Бонк дар соли ҷорӣ, амалинамоии чораҳои солимгардонӣ ва тақвияти пайгиронаи рушди босуботи молиявӣ, беҳтарнамоии самаранокии фаъолият ва боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон мебошад.

Дар маҷлис ҳамчунин ҳисоботи кумитаи аудити Бонк доир ба натиҷаҳои соли 2015, тавозуни бонк ва ҳисоботи фоидаву зарар дар соли 2015, ҳисобот оид ба ҷамъбасти ҷойгиркунии саҳмияҳои барориши 16-уми Бонк баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Дар робита ба тағйирёбии номи баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Оинномаи Бонк низ тағйироти марбута ворид карда шуд.

Маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро интихоб намуд.



Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40