Мулоқот бо намояндагони БАТР 14.03.2016

Мулоқот бо намояндагони БАТР



9 марти соли равон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи рушди сохтори бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди ТоҷикСодиротБонк -ро (ТСБ) баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо инчунин кӯшишҳои БМТ-ро ҷиҳати паст кардани таъсири буҳрони минтақавӣ ба низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

БАТР стратегияи нави “Тоҷиксодиротбонк”-ро, ки он ба таҳкими капитализатсияи бонк, таъмини рушди бештари он, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ, ки ба сохтори сармояи бонк нигаронида шудааст, хуш пазируфт ва аз он дастгирӣ намуд. БАТР умедвор аст, ки дар амал татбиқ шудани ҷараёни мазкур ба БАТР ҷиҳати аз нав оғоз намудан ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба бо Тоҷиксодиротбонк имконият медиҳад.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби БАТР Георгий Орлов, Директори Шуъбаи ташкилотҳои молиявӣ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, Артур Погосян, муовини Директор, Пешбарандаи тиҷорат дар ташкилотҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ричард Ҷонс, Директори намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Аз ҷониби БМТ дар вохӯрӣ Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва Муовини Раиси БМТ Сироҷиддин Икромов ширкат варзиданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40