Иштироки ҳайати Тоҷиксодиротбонк дар маросими оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни пули миллии Тоҷикистон ва юани Чин 31.12.2015

Иштироки ҳайати Тоҷиксодиротбонк дар маросими оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни пули миллии Тоҷикистон ва юани Чин



13 декабри соли равон ҳайати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" таҳти роҳбарии Раиси бонк Тоҷидин Пирзода дар маросими оғози амалиёти СВОП, ё мубодилаи асъор миёни пули миллии Тоҷикистон ва юани Чин, ки дар шаҳри Урумчи баргузор шуд, иштирок намуд.

Қобили зикр аст, ки Созишномаи СВОП 3 сентябри соли 2015 миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин имзо шуда буд. Ин тадбир шиддати болоравии қурби долларро коҳиш дода, ба ҳамватанони мо имкон медиҳад, ки маблағҳои пулии худро бо арзи сомонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бо юани Чин мубодила намоянд. 

Тибқи ин Созишнома, Чин дар се соли оянда ба маблағи 3 миллиард (наздики $ 470 млн. доллар) ба Тоҷикистон юан медиҳад ва он дар муддати се сол бо ҳуқуқи тамдиди муҳлати эътибори Созишнома амал хоҳад кард. 

Бояд зикр кард, ки юани чинӣ аз назари истифода дар муомилаҳои тиҷоративу молии ҷаҳон, баъди фунти бритониёӣ (9%) ба ҷои чорум баромада, 3%-и муомилаҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.  

Дар ҷараёни сафари ҳайати Тоҷиксодиротбонк дар Урумчи, ҳамчунин мулоқоти Раиси бонк Тоҷидин Пирзода бо Ноиби президенти Бонки кишоварзии Чин ҷаноби Li Zhenjiang доир гардид, ки дар он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду бонк мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40