Рӯзи ҷаҳонии амонатгузор 02.11.2015

Рӯзи ҷаҳонии амонатгузор



Ҳамасола дар ҷаҳон 31 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии амонатгузор таҷлил карда мешавад. Ба ин ифтихор ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"  иқдоми идона баргузор намуда, ҳар муштариеро, ки дар ин рӯз ба Шуъбаи пасандозҳои Бонк ташриф овард, бо туҳфаҳои рамзӣ қадрдонӣ намуд. Муштариёне, ки барои кушодани ҳисоби пасандоз ё гирифтани машварат ба шуъба омаданд, аз ин туҳфаҳои ғайриинтизор шоду хурсанд шуданд. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин иқдомҳо баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва ҷалб намудани маблағҳои озоди шахсони воқеӣ ба низоми бонкӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки Тоҷиксодиротбонк ҳамеша кӯшиш менамояд, ки бо баргузор намудани муҳити идона ва изҳори меҳмоннавозӣ муштариёни худро хурсанд созад. Хусусан, дар бахши ҷалби пасандозҳо Бонк пайваста навовариҳо ва иқдомоти ҷолиби диққат роҳандозӣ менамояд.  Бонк ба тозагӣ пасандози нави “Як ба як”-ро ба муштариёни худ пешниҳод намуд, ки фоидаи он ба амонатгузор, пас аз анҷоми муҳлати муайяншуда на аз рӯи ҳисоби фоизҳо, балки ҳамчун подош - ба таври як ба як дода мешавад.





Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40