Конфронси “Роҳи абрешим: таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон” 29.10.2015

Конфронси “Роҳи абрешим: таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон”



Имрӯз – 29 октябри соли 2015 дар Донишгоҳи политехникии Гонконг конфронс таҳти унвони "Silk Road Strategy: Focus on Tajikistan” (Роҳи абрешим: таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон) баргузор гардид, ки дар он намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, коршиносон ва донишмандони марказҳои пешрафтаи тадқиқотии Гонконг иштирок карданд.

Конфронси мазкур бо саҳму ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин, China Business Centre, The Hong Kong Polytechnic University, Silk Road Economic Development Research Center ва инчунин Kaisun Energy Group Limited, Oriental Patron Financial Group, Hong Kong Energy and Minerals United Associations, China Hong Kong Economic Trading International Association and Qianhai International Liaison Services Ltd доир гашт.

Дар назди иштрокчиёни конфронс бо сухани табрикотӣ вазири молияи ҳукумати Гонконг ҷаноби Tsang Chun-was ва ректори Донишгоҳи политехникии Гонконг профессор Philip Chan баромад намуда, нақши муҳими Тоҷикистонро дар роҳандозии ин ибтикорот махсус таъкид карданд.            

Рашид Олимов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Чин зимни суханронии худ ташаккули “камари иқтисодӣ”-и Роҳи абрешимро дар роҳандозии ҳамкориҳои самараноку бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ иброз дошта, гуфт ки он ба робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ нерӯи тоза мебахшад. Рашид Олимов афзуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси “абрешимӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпинро хуб истиқбол намудааст.

Рашид Олимов ба намояндагони доираҳои соҳибкории Гонконг имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи энергетикиву маъданӣ ва ғайра буда, ҳамкориҳои дарозмуддат дар бахшҳои аграрӣ, тавлиду коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, гидроэнергетика ва сайёҳӣ, бахшҳои молияву бонкӣ роҳро барои бурду манфиати мутақобила боз хоҳад кард.

Доктор Томас Чэн, роҳбари Маркази соҳибкории Чин,ҷаноби Джозеф Чен, мудири Маркази гонконгии омӯзиши рушди иқтисодии Роҳи абрешим ва ҷаноби Ло Ин,  директори генералии Xing Kai Investment Limited, зимни суханрониҳои хеш таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъу дурнамои рушду густариши равобити Чин ва Тоҷикистон ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни Гонконг ва Тоҷикистон ҷалб намуданд.

Дар кори конфронс Раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” профессор Тоҷидин Пирзода иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва мавқеи Тоҷиксодиротбонк дар он маълумоти муфассал дод. Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки дар марҳалаи кунунии рушд Тоҷиксодиротбонк ба ҳамкории байнибонкӣ бо бонкҳои Ҷумҳурии Халқии Чин афзалият дода, дар ин роҳ қадамҳои устувор низ гузоштааст.

Дар ҷараёни конфронс байни иштрокчиён ва баромадкунандагони конфронс табодули ҷолиби андешаҳо низ сурат гирифт.


Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40