Кушодани бинои нави филиали Тоҷиксодиротбонк 28.07.2015

Кушодани бинои нави филиали Тоҷиксодиротбонк



Дар маркази ноҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаи хумб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои чорошёнаи хонаҳои истиқоматӣ ва филиали бонки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷиксодиротбонк” иштирок кард.

Тавре маълум гардид, масоҳати умумии бинои истиқоматӣ 2 ҳазору 485 метри мураббаъро дар бар гирифта, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 8 миллиону 263 ҳазору 958 сомонӣ мебошад. Филиали бонки Тоҷиксодиротбонк дар масоҳати умумии 347 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Бо кушодани бинои нави филиали Тоҷиксодиротбонк 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Фармоишгар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» ва пудратчии иншооти замонавӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Евразия» буда, бинои хонаҳои истиқоматӣ бо системаи гармидиҳии алоҳида пайваст мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз моҳи июли соли 2013 оғоз гардида, моҳи июли соли 2015 ба охир расид.

Хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати умумии 1 ҳазору 802 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 30 хона, аз ҷумла 9 адад хонаҳои якҳуҷрагӣ ва 21 адад хонаҳои ду ҳуҷрагӣ иборат мебошад. Хонаҳо дар асоси шартнома ва бо нархи дастрас ба сокинони ноҳияи Дарвоз фурухта шудааст.

president.tj

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40