Ифтитоҳи бинои нави филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Хуҷанд 24.03.2015

Ифтитоҳи бинои нави филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Хуҷанд



Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду иншооти ҷашнӣ – бинои нави филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк ва корхонаи коркарди шири Порсои Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, филиали минтақавии ҶСК Тоҷиксодиротбонк дар шаҳри Хуҷанд аз соли 1994 ба фаъолият шуруъ намуда, дар бозори молиявию қарзии ин минтақа чун шарики боэътимод мавқеи сазовор касб намудааст.

Бинои нави филиал барои беҳсозии хизматрасониҳои навтарини бонкӣ, муҳайё кардани шароити муносиб барои кормандон ва мизоҷон бунёд ёфтааст. Гуфтанӣ аст, ки ин филиали минтақавӣ дар бинои зебои истиқоматии 5-ошёна, ки аз ҷониби худи Тоҷиксодиротбонк бунёд ёфтааст, ҷой гирифтааст.

Бинои истиқоматӣ дорои 14 хонаи барҳаво буда, дар ошёнаи якумаш ҳамчунин маркази савдо ҷой гирифтааст, ки барои фурӯши анвои гуногуни хӯрокворӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бинои панҷошёна, ки бо харҷи қариб 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 52 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Замини бекорхобидаи пушти бино ба майдончаи бачагона ва мавзеи зебои сайру гашти сокинони атроф табдил дода шудааст.



www.president.tj

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40