Ҳадяи наврӯзии Тоҷиксодиротбонк ба ятимон. 19.03.2015

Ҳадяи наврӯзии Тоҷиксодиротбонк ба ятимон.



Албатта кулли мардуми диёрамон аллакай медонанд, ки дар арафаи ҷашну тантанаҳо дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои камбизоат, муҳтоҷону бечорагон ва ятимхонаҳо анъана шудааст ва ин иқдоми нек солҳост идома дошта, боиси ба тадриҷ афзудани теъдоди нафарони саховатманду мурувватпеша ва ҳамзамон нисбатан беҳтар шудани вазъи зиндагонии қишри ниёзманди аҳолии Тоҷикистон мегардад. Тавре рӯшан аст, ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз ҷумлаи ҳамингуна муассисаҳоест, ки ҳамвора ин анъанаро риоя намуда, ҳамасола дар арафаи тамоми ҷашну идҳо ба ниёзмандон кумак мерасонад ва табъу рӯҳияи идонаи онҳоро болида мегардонад.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай роҳбарияти Тоҷиксодиротбонк ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, ки сарпарастии онро солҳост  ба уҳда дорад, ҳадяҳои наврӯзӣ расонид.

Дар ин хусус тавре Саиднуриддин Акобиров, сардори шуъбаи умумии Тоҷиксодиротбонк хабар дод, бонк барои оростани дастурхони наврӯзӣ, ташкили мусобиқа ва озмунҳои шавқовар байни тарбиятгирандагони интернат ва ҳавасманд кардани онҳо бо туҳфаҳо ва инчунин ташкили базми наврӯзӣ бо иштироки мутрибону ҳунарпешагон 15 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ахолии кишвар, ҳоло аз байни аҳолии 8-миллионаи Точикистон беш аз 3 миллион нафарро кӯдакон ташкил медиханд, ки наздики 30 ҳазор нафари онҳо кӯдакони имконияташон маҳдуд дониста шудаанд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40