Лоиҳаи “Global Money Week” дар Тоҷиксодиротбонк. 10.03.2015

Лоиҳаи “Global Money Week” дар Тоҷиксодиротбонк.



Ҳар сол лоиҳаи “Global Money Week” (Ҳафтаи ҷаҳонии пул) дар миёни ҷавонон оид ба маърифати молиявӣ иқдом баргузор мекунад. Дар соли 2015 Тоҷикистон низ ширкаткунандаи ин иқдом гардид. Ҳафтаи дуюми моҳи март дар саросари ҷаҳон иқдоми мазкур дар институтҳои молиявӣ доир мегардад.

Дар арафаи ҳафтаи мазур Тоҷиксодиротбонк дар литсейи “Раҳнамо” дар мавзӯи “Бонк, молия ва пул” миёни хонандагони синфҳои 5-6 озмуни расми беҳтаринро эълон кард. Дар интиҳои ин озмун 20 расми беҳтарин интихоб гардид ва ғолибон ба экскурсия дар Тоҷиксодиротбонк даъват гардиданд. Расмҳои кашидаи кӯдакон дар табақаи аввали бинои Тоҷиксодиротбонк таҳти унвони “Кӯдакон-ояндаи мо” ба намоиш гузошта шуд. Ҳар як муштарӣ ё меҳмони бонк имкон дорад, ки аз тамошои кори бачаҳо лаззат барад. Дар рӯзи нахустини Ҳафтаи ҷаҳонии пул-рӯзи 9 март кӯдакон ба Бонк даъват шуданд. Шиносоии бачаҳо дар ошёнаи аввал аз шуъбаи умумӣ ва шуъбаи интиқоли маблағҳо шуруъ гардид. Бачаҳо бо кори шуъбаи кор бо муштариёни Фронт-офис низ ошно шуданд. Эар ҳар шуъбаву идора роҳбарон ба суолҳои бачаҳо посух дода, онҳоро бо усулҳои кори бонкӣ ошно карданд. Хонандагон осорхонаи Бонкро низ тамошо намуданд. Пас аз анҷоми саёҳат дар бонк барои хонандагон машғулиятҳои маърифатӣ оид ба амонатгузорӣ ва истифодаи кортҳои пардохтӣ гузаронида шуд. Дар поёни рӯзи аввал ба кӯдакон аз ҷониби бонк кортҳои пардохтӣ бо тавозуни ибтидоии 50 сомонӣ ва дафтарчаҳои амонатӣ бо ҳисоби кушодаи 50 сомонӣ эҳдо карда шуд.

10-11 март дар доираи ҳафтаи мзкур кормандони бонк дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Маскав машғулиятҳои маърифатӣ дар шакли интерактивӣ доир намуданд. Донишҷӯён кормандони бонкро суолборон карда, аз посухои дарёфтшуда қаноатманд гардиданд. Донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳои Тоҷиксодиротбонк қадрдонӣ шуданд.

Бонк гузаронидани чунин иқдомҳо ва мешниҳоди хизматрасониҳои бонкиро дар оянда низ миёни аҳолӣ новобаста аз синну сол дар назар гирифтааст.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40