Бурдҳои иқдоми “Харид ва бурд намо 2” соҳибони худро ёфтанд 28.12.2014

Бурдҳои иқдоми “Харид ва бурд намо 2” соҳибони худро ёфтанд



Дар остонаи Соли нави мелодӣ чорабинӣ оид ба тақдими бурдҳои иқдоми “Харид ва бурд намо – 2”, ки аз ҷониби ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ташкил шуда буд, дар фазои мутантан доир гашт.
Ёдрас мешавем, ки иқдоми “Харид ва бурд намо – 2” 8 октябри соли 2014 бо дастгирии низоми пардохти байналмилалии Visa шурӯъ шуда, 15 декабр ба итмом расид.
Иқдоми мазкур бо хоҳиши теъдоди зиёди муштариёни бонк такроран ба роҳ монда шуд. Азбаски шумораи пардохтҳои ғайринақдӣ дар давоми 2 соли охир нисбатан афзоиш ёфтаанд, аз ин лиҳоз иқдоми “Харид ва бурд намо – 2” муштариёни моро хеле ҳавасманд намуд, ки барои анҷом додани тамоми харидҳо ва хизматрасониҳо аз тариқи кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" кӯшиш ба харҷ диҳанд. Инчунин, соҳибони нуқтаҳои савдо низ манфиатдор шуданд, ки пардохтҳоро ба василаи ПОС – терминалҳои бонки мо анҷом диҳанд. Тарофаҳои қулайу муфид ва ПОС – терминалҳои мобилӣ барои  шарикони мо имкон доданд, ки теъдоди ҳарчи бештари муштариёнро ба супермаркетҳо, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳои худ , марказҳои тиббӣ ва ғайра ҷалб кунанд.
Мувофиқи шарту қоидаҳои иқдом, бурду туҳфаҳо насиби дорандагони он кортҳои пардохтие мегардад, ки ба воситаи онҳо теъдоди пардохтҳо, сарфи назар аз ҳаҷми маблағ нисбатан бештар анҷом дода шавад. Дар иқдоми “Харид ва бурд намо – 2” бурдҳое, амсоли ноутбук, телевизори плазмавӣ, мошини ҷомашӯӣ, яхдон, кондитсионер, планшет, телефони мобилӣ, тафдони фавқулмавҷӣ, чангкашак, телефони мобилӣ ва албатта бурди олӣ – “Роҳхат ба Дубай барои ду нафар” гузошта шуданд.  Бояд гуфт, бурдҳо барои ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ якхел ва ба таври баробар муқаррар шуда, ғолибони воқеии худро пайдо карданд.
Чорабинии тақдими бурдҳои иқдоми “Харид ва бурд намо – 2” дар тарабхонаи меҳмонсарои “Тоҷикистон” баргузор гашт. Тақдими бурду туҳфаҳо, ки дар остонаи Соли нав иттифоқ афтод, муштариёнро хеле хушнуду фараҳманд намуд, зеро ҳеҷ кас то лаҳзаи охирин аслан аз ғолиб шудану соҳиби чи гуна бурд гаштанаш огоҳӣ надошт.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур, ҳамчунин муштариёни фаъол низ фаромӯш нагардид.  Ба сифати туҳфаҳои ҳавасмандкунӣ, ба онҳо барои гирифтани корти бонкии “Visa Classic” беш аз 50 адад сертификат тақдим гардид.
Тоҷиксодиротбонк – ояндаро имрӯз бояд сохт!










Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40