Кумакҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ 31.12.2014

Кумакҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ



Чун анъана дар арафаи Соли нави мелодӣ ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ҷиҳати иҷрои амри Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-467 аз 12 январи соли 2008 ҷиҳати дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ва камбизоат як қатор чорабиниҳоро амалӣ сохт. Ба 22 нафар собиқадорони ҷанги Бузурги Ватании ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба маблағи бештар 5400 сомонӣ туҳфаи Солинавӣ иборат аз маводи хӯрока расонида шуд. Инчунин ба тарбиятгирандагони мактаб- интернати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” сарпарастии онро ба ӯҳда дорад, ба маблағи бештар аз 15 ҳазор сомонӣ тӯҳфаҳои солинавӣ расонида шуд ва барои тарбиятгирандагони мактаб-интернат дастурхони солинавӣ ороста шуд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40