Оғози сохтмони шаҳракаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара 23.03.2014

Оғози сохтмони шаҳракаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара





23 марти соли равон сохтмони нахустин корхонаи муосири ресандагӣ дар ноҳияи Данғара ва 10 бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ, ки тибқи лоиҳа дорои 444 манзили истиқоматӣ хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Ин корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол аз ҷониби ширкати ватании ҶСП “Евразия” бо сармоягузории ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” сохта ва бо таҷҳизоти навтарини итолиёӣ муҷаҳҳаз гардида, то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. 

Тибқи нақша, бунёди корхонаи ресандагӣ танҳо оғози кор аст, зеро аллакай соли 2015 дар ин ҷо ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ сохта ва омодаи кор гардида, коркарди ниҳоии нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ба роҳ монда оҳад шуд. 

Роҷеъ ба биноҳои нуҳошёнаи истиқоматӣ бояд зикр  намуд, ки қисмате аз он ба кормандони Тоҷиксодиротбонк ва корхонаҳои саноатии бунёдшаванда дода шуда, бахши дигари он ба фурӯш гузошта мешавад. Барои ин биноҳо, ки ба як шаҳраки мукаммали истиқоматӣ табдил хоҳанд ёфт, шабакаи мустақили гармидиҳӣ бунёд меёбад. Дар табақаҳои поёнии биноҳо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд, ки беш аз 100 кас дар онҳо бо кори доимӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ дар корхонаҳои истеҳсолии бунёдшаванда ва марказҳои савдову хизматрасонӣ беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
 
Ин маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои нассоҷӣ бо харҷи беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, танҳо дар вақти сохтмонашон дар ин ҷо беш аз 500 нафар бо кору маоши баланд таъмин мегарданд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40