Маблағгузории тиҷоратӣ
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” яке аз пешсафони маблағгузории соҳаи савдо дар Тоҷикистон мебошад, ки хизматрасонии васеи мизоҷонро дар самти савдо ва фаъолияти хориҷӣ амалӣ менамояд.
Истифодаи воситаҳои маблағгузории соҳаи савдои Бонк ба мизоҷон имконият медиҳад, ки ҳангоми амалӣ намудани амалиётҳои воридотӣ – содиротӣ ба хеле паст намудани хавфҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ муваффақ гарданд, хароҷотҳоро кам кунанд, инчунин ҷараёнҳои молиявиро муносиб гардонанд.
“Тоҷиксодиротбонк” ба мизоҷон маҳсулот ва хизматрасониҳои зеринро дар самти маблағгузории савдо ва гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои байналмиллалӣ пешниҳод менамояд:
- Маблағгузории воридот – маблағгузории мизоҷон дар шакли кушодани аккредетив ва ё пешниҳоди кафолати бонкӣ (дар ҳолати зарурӣ бо тасдиқи бонкҳои дараҷаи олии байналмилалӣ);
- Тамоми намуди хизматрасониҳо дар самти аккредетиви содиротӣ\воридотӣ - кушодан, авизо, тасдиқ намудан, интиқол (трансферация), амалӣ намудани пардохтҳо, дисконт ва неоготсиатсияи ҳуҷҷатҳо аз рӯи аккредетивҳо;
- Пешниҳоди кафолатҳо;
- Авизо ва тасдиқи аслияти кафолате, ки бонкҳои хориҷӣ ба манфиати мизоҷон додаанд.
Истифодаи ин маҳсулот ва хизматрасониҳо ҳангоми амалиётҳои воридотӣ (харидорӣ)
ба мизоҷони Бонк – воридкунандагон чунин афзалиятҳо медиҳад:
- Паст намудани хавфи қарзӣ аз ҳисоби даст кашидан аз пешпардохтҳо;
- Паст намудани хавфи минтақавӣ ва ҳуқуқӣ дар шартномаҳои савдои берунӣ;
- Таъмини кафолати пардохти молрасонанда танҳо бо шарти пешниҳоди мол бо мувофиқати қатъӣ бо номгӯй,сифат ва мӯҳлатҳои муқарраргардидаи бор кардани мол;
- Воқеан паст намудани арзиши маблағгузории воридот (харидорӣ) нисбат ба қарздиҳии оддӣ;
- Имконияти дигар намудани мӯҳлати пардохт барои моли овардашуда;
- Имконияти ба ҳамкорон намоиш додани комилҳуқуқ будан дар соҳаи ташкили ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми муомилаи савдо, инчунин тасдиқ намудани қобилияти пардохтпазирӣ доштани худ.
Аз тарафи дигар, ҳангоми кор бо воситаҳои маблағгузории савдои Бонк мизоҷоне низ афзалият мегиранд,ки дар муомилот ба сифати фурӯшанда баромад мекунанд:
- Кафолати гирифтани пардохт аз тарафи Бонк барои моли пешниҳодшуда,ҳангоми иҷрои талаботҳои шартнома ҳангоми бор кардани мол;
- Низоми аниқ ва тартиби зуд гирифтани пардохт барои моли пешниҳоднамуда баъди бор кардан;
- Баланд бардоштани қобили рақобат будани моли расонидашуда аз ҳисоби пешниҳоди шаклҳои гуногуни пардохт барои мол бе баланд шудани хавфи пардохт нашудан.
ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дорои захираҳои зарурӣ барои амалӣ намудани маблағгузории савдо бо шартҳои барои мизоҷ ниҳоят манфиатнок мебошад.
Таҷрибаи бои амалии мутахассисони Бонк, ки дар раванди амалӣ гардидани лоиҳаҳои мизоҷон ҷамъ гардидааст, имконият медиҳад, сохтори ҳисоббаробаркунӣ муносиб гардонида шавад ва шартҳои пойгоҳӣ ва арзиши маблағгузории дар ҷараёни омодагии лоиҳа муайянгардида боиси васеъ гардидани ҳам ҳаҷми фаъолияти савдою харидорӣ ва ҳам баланд гардидани даромаднокии амалиёт гардад.
Шабакаи васеи муросилотӣ, ки дар тамоми ҷаҳон дорои бешар аз 20 бонки муросил мебошад, имконият медиҳад, ҳисоббаробаркуниҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин амалӣ карда шаванд. Истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва афзалияти воситаҳои маблағгузории савдо ҳам дар муомилоти савдои беруна ва ҳам ҳангоми бастани шартнома байни ширкатҳои тоҷикӣ имкон дорад.
Ба Бонк муяссар гардид,ки аз тарафи донишкадаҳои пешқадами молиявӣ эътироф гардад. Як қатор банкҳои байналмилалӣ,аз ҷумла бонки Аврупоии рушд,ҶС “Казкомерсбонк”, ҶС “БТА Банк” ва ҶСП “Промсвязбанк” ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз рӯи амалиётҳои ҳуҷҷатӣ хатти қарзӣ кушодаанд, ки ин имконият медиҳад, муомилот бо контрагентҳои хориҷӣ бо шартҳои барои мизоҷони мо беҳтар ба ҷо оварда шаванд.